Артиши Русия сабти видеоии нобудсозии тӯпҳои амрикоӣ дар Украинаро нашр кард – видео

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкУчения НАТО в Грузии:155 мм M777
Учения НАТО в Грузии:155 мм M777  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2022
Обуна шудан
Вазорати дифои Русия ахиран видеои нобудсозии тӯпҳои амрикоии навъи М777 тавассути паҳподҳои “Куб” дар Украинаро нашр кард
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Вазорати дифои Русия видеоеро нашр карданд, ки дар он нобудсозии тӯпҳои амрикоии навъи M777 ва ҳайате аз нерӯҳои тӯпхонаии украинӣ тавассути паҳподи комикадзе “Куб" сабт шудааст.
Дар сабти видеоӣ дида мешавад, ки ду тӯп 155 мм ва ҳайате аз нерӯҳои тӯпхонаӣ ин силоҳи амрикоиро барои ҷанг омода мекунанд.
Ҳамон лахза паҳподи “Куб” миёни ду тӯп зарба мезанад. Дар видео дида мешавад, ки пораҳои паҳпод ҳайате аз нерӯҳои тӯпхонаиро нобуд мекунад.
Ба гуфтаи Игор Конашенков, сухангӯи Вазорати дифоъ, нерӯҳои Русия дар наздикии рустои Подгорное ба тӯпҳои амрикоӣ ҳамла кардаанд.
Паҳподи "Куб" аз ҷониби ZALA AERO (ҷузъи консерни Калашников) сохта шудааст. Кулоҳаки ҷангиии ин паҳпод се килограмм аст. Давомнокии парвози он 30 дақиқа буда, суръаташ то 130 километр дар як соат аст.
Паҳпод аз тариқи дастгоҳ идора мешавад, хеле дақиқ аст. Ҳамчунин онро метавон ба таври пинҳонӣ партоб кард ва он қариб садо надораду идораааш комилан содда аст. Санҷишҳои давлатии паҳподи "Куб" дар охири соли 2021 анҷом ёфта буд.
Лентаи хабарҳо
0