"Business Insider" гуфт, чаро Русия барои Аврупо дардисарсоз шудааст

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкФлаг ЕС у здания представительства Европейского союза в Москве
Флаг ЕС у здания представительства Европейского союза в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2022
Обуна шудан
Маҷалаи "Business Insider" навиштааст, ки вобастагии Иттиҳодияи Аврпо аз гази Русия барои сиёсатмадорони аврупоӣ дарди сар эҷод кардааст
ДУШАНБЕ, 18 мая — Sputnik. Ба навиштаи "Business Insider", вобастагӣ аз гази Русия ба сиёсатмадорон ва бонкҳои марказии аврупоӣ дарди сар эҷод кардааст, иттилоъ додааст РИА “Новости”.
Дар матлаб гуфта мешавад, "қатъи интиқоли нерӯи энержӣ ба Иттиҳодияи Аврупо, ки чаҳоряк қисми онро нафти Русияро ташкил медиҳад, ба вазъи ин бахш таъсири ҷиддӣ расонидааст", - таъкид доштааст нашрия.
Ба гуфтаи Дэвид Клариҷ, раиси ширкати "Dragonfly", даст кашидани кишварҳои аврупоӣ аз манобеи энержии Русия боиси якбора боло рафтани қимати онҳо дар бозорҳо мешавад.

"Аврупо барои қонеъ кардани талаботи худ ба лоиҳаҳои сохтмони лӯлаҳо миллиардҳо евро сармоягузорӣ кардааст ва дарёфти сарчашмаҳои ҷойгузин вақт талаб мекунаду гарон хоҳад буд", - гуфт ӯ.

Ба навиштаи нашрия, Аврупо Африқоро як манбаи дигар харидории газ дар оянда медонад, аммо ҳоло барои интиқоли газ байни қитъаҳо зерзохт вуҷуд надорад. Дар ҳамин ҳол воридоти гази моеъ аз кишварҳои дигар маҳдуд аст ва имкони ҷуброни камбуди феълиро надорад.
Уборка зерновых. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2022
Украина бо вуҷуди хатари камчинӣ захираи гандумро ба Аврупо содир мекунад
Ҳамин тариқ дар шароити кунунӣ Иттиҳодияи Аврупо наметавонад тасмим бигирад, зеро гузариш ба энержии тоза ва устувори энержӣ вақт талаб мекунад. Муаллиф хулоса кардааст, ки дар ин муддат кишварҳо маҷбур мешаванд, нархи баланди нерӯи барқро таҳаммул кунанд.
Кишварҳои ғарбӣ пас аз оғози як амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина барои нозизудоӣ ва ғайринизомисозӣ алайҳи Маскав таҳрим ҷорӣ карданд. Дар ҳамин ҳол Русия чораҳои ҷавобӣ пеш гирифт ва эълон кард, ки барои кишварҳои ғайридӯст аз 1 апрел пардохти қимати газ бо рубли русӣ сурат хоҳад гирифт.
Акнун ширкатҳои аврупоӣ, ки ба хариди газ аз Русия машғуланд, бояд дар "Газпромбонк" бо асъори дар шартнома зикргардида суратҳисоби махсус кушоянд ва ба он пули газро ирсол намоянд. Бонк ин асъорро дар биржаи Маскав рубл мехарад ва сипас ба суратҳисоби харидор интиқол медиҳад, ки сипас барои харидории газ аз он истифода мешавад.
Пляжный зонт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2022
WSJ аз охирин умеди иқтисоди Аврупо гуфт
Аврупо дар навбати худ ҳанӯз дар моҳи март дар бораи зарурати коҳиш додани вобастагӣ аз нерӯи энержии Русия изҳори назар карда буд.
Раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Лейен гуфт, ки бастаи шашуми таҳримҳо, маҳдудияти воридоти нафти Русияро дар бар мегирад. Бо вуҷуди ин бинобар мавқеи Венгрия ва дигар кишварҳои ИА ҳанӯз дар ин бора созише ҳосил нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0