Дар Хатлон ба собиқ зиндониёну ҷавонони аз хидматбаргашта кумакпулӣ доданд

© Sputnik Таджикские сомони
Таджикские сомони - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар вилояти Хатлон ба 887 ҷавони аз сафи қувваҳои мусаллаҳбаргашта 445 ҳазор сомонӣ ёрии ба унвони пулӣ пардохт карда шудааст
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Дар се моҳи соли равон ба 1 141 нафар дар вилояти Хатлон кумакпулӣ ба маблағи 601 ҳазор сомонӣ дода шуд.
Дар ин бора сойти "Фараж" бо истинод ба сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Хатлон Қобилҷон Файзалзода хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, аксари онҳоро ҷавонони аз хизматбаргашта ва маҳбусони озодшуда ташкил медиҳанд.

"Дар се моҳи соли ҷорӣ 242 нафар шахсони бекори дар қайди мақомотбуда бо ёрии пулӣ таъмин гардида, ба 1 ҳазору 141 нафар ёрии пулӣ ба маблағи 601 ҳазор сомонӣ пардохт карда шудааст.

Аз ҷумла, 51 370 сомонӣ ба 46 нафаре, ки аз кор озод шудаанд, пардохт карда шуд. Ҳамчунин ба 208 нафаре, ки аз маҳбас озод шудаанд, 105 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ дода шуд.
Аз кумакпулӣ инчунин ҷавононе, ки аз хидмати ҳарбӣ баргаштанд, низ баҳраманд гардиданд.
Пешеходы на пешеходном переходе в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.02.2022
Амонзода гуфт, Тоҷикистон чанд бекор дорад: сатҳи болотарин дар ВМКБ
Манбаъ меафзояд, ба 887 ҷавони аз сафи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистонбаргашта, 445 ҳазор сомонӣ тақсим карда шуд.
Худи ҷавононе, ки аз артиш баргаштанду кумакпулӣ гирифтаанд, ба ин сайт изҳор доштанд, ки танҳо як бор ба онҳо кумаки пулӣ расонда шуд. Дар ҳоле ки онҳо бояд се бор ёрии пулӣ гиранд.
Масъулони агентӣ низ тасдиқ намуданд, ки ҷавонон ҳамагӣ як бор кумакпулӣ гирифтанд ва сабабро ба кам маблағгузорӣ шудан рабт доданд.
Лентаи хабарҳо
0