Медведев: Русия ба сар задани Ҷанги савуми ҷаҳонӣ роҳ намедиҳад

© Sputnik / Екатерина Штукина / Гузариш ба медиабонкЗаместитель председателя Совета безопасности РФ Дмитрий Медведев
Заместитель председателя Совета безопасности РФ Дмитрий Медведев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2022
Обуна шудан
Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия ҳушдор дод, ки дар сурати ҳамла Маскав қодир аст, ки "вокуниши фаврӣ ва пурқудрат" нишон диҳад
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия дар "Telegram- канал"-и худ навишт, ки Русия ба сар задани Ҷанги сеюми ҷаҳонӣ роҳ намедиҳад.

"Арсеналҳои аслиҳаи замонавӣ, боэътимод ва муассир имрӯз такаббури онҳоеро шикастааст, ки бо дасти худ ва дигаро омодаанд, Ҷанги сеюми ҷаҳонро сар кунанд. Мо ба чунин вазъият роҳ намедиҳем", - навиштааст Дмитрий Медведев.

Дар идома ӯ зикр намуда, Русия маҷбур аст, пайваста ёдовар шавад, ки дар сурати ҳамла ба ин кишвар онҳо метавонанд посухи фаврӣ ва пурқувват диҳанд.
Қаблан ӯ гуфт, ИМА бо ироа кардани кумаки низомӣ ба Украина талош дорад, ки Русияро ба зону дароварад, аммо ин амалинашуданӣ хоҳад буд.
Министр иностранных дел России Сергей Лавров выступает с лекцией - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лавров дар бораи тӯл додани низоъ ва музокирот бо Украина
"Дастгоҳи чопи онҳо, ки Амрико тавассути он қарзи миллии худро доим зиёд мекунад, тезтар мешиканад. Ногуфта намонад, ки барои ҷаҳиши нархи бензин ва маводи ғизоӣ амрикоиҳо бояд барои афзоиши онҳо ба мақомоти русбезори худ ташаккур гӯянд. Аммо ҳадафҳои амалиёти вижа амалӣ хоҳанд шуд”, - навишта буд Медведев дар канали "Telegram"-и худ.
Вай қайд кард, ки ҳадаф аз "кумак" ба Украина дар чунин миқёси бесобиқа "идомаи ҷанги ниёбатӣ алайҳи Русия, хоҳиши шикасти сангине ба кишвари мо, маҳдуд кардани рушди иқтисодӣ ва нуфузи сиёсии он дар ҷаҳон аст".
Лентаи хабарҳо
0