Муҳоҷирони дорои доғи судиро ба таксиронӣ роҳ намедиҳанд

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкАвтомобиль такси на улице Москвы.
Автомобиль такси на улице Москвы.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2022
Обуна шудан
Дар Русия муҳоҷиронеро, ки доғи судии тозанашуда доранд, аз ҳаққи мусофиркашонӣ маҳрум месозанд ва ҳамчунин дигар ба ҳайси ронандаи таксӣ ба кор қабул намешаванд
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Думаи давлатии Федератсияи Русия лоиҳаи қонунеро дар таҳрири дувум қабул кард, ки бар асоси он, шаҳрвандони дорои собиқаи ҷиноии тозанашуда ҳаққи таксиронӣ нахоҳанд дошт.

"Ташаббус ҳам ба русҳо ва ҳам ба муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла ба кишварҳои Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё - Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон дахл дорад", - омадааст дар лоиҳаи қонун.

Дар лоиҳаи қонун маҳдудиятҳо барои кишварҳои дигар зикр нашудааст, зеро шаҳрвандони онҳо, ки доғи судӣ доранд, умуман дар Русия патент ё иҷозатномаи кор гирифта наметавонанд.
Шаҳрвандоне, ки қасди интиқоли мусофирон ва бағоҷи онҳоро доранд, ки бинобар доғи судӣ доштан ҳамчун соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта намешаванд.
Дар лоиҳа ду категория маҳдудият пешбинӣ шудааст. Аввалӣ ба манъи ронандагии нақлиёти ҷамъиятии заминӣ дахл дорад. Он ба автобусҳо, троллейбусҳо, трамвайҳо ва микроавтобусҳо таъсир мерасонад.
Автомобили после столкновения, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2022
Дар Русия аз ҳама беш таксиронҳои қирғиз дучори садама мешаванд: тоҷикон дар ҷойи дуюм
Шахсоне, ки барои ҷиноятҳои зидди амнияти ҷамъиятӣ, асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат, инчунин зидди сулҳу амнияти башарият доғи судии барнадошта доранд, ба кор дар нақлиёти ҷамъиятӣ қабул карда намешаванд.
Барои категорияи дуюм, яъне ронандагони таксӣ, рӯйхати шабеҳи ҷиноятҳо низ татбиқ мешавад. Аммо дар баробари ин, он ҷиноятҳо, аз қабили куштор, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, одамрабоӣ, ғоратгарӣ, ҷиноятҳо бар зидди дахлнопазирии ҷинсӣ ва озодии шахсиро дар бар хоҳад гирифт.
Илова бар ин акнун манъи кор ба ҳайси ронандаи таксӣ ба шаҳрвандоне низ дахл хоҳад кард, ки барои содир кардани ҷиноятҳои вазнини миёна доғи судӣ доранд.
Лентаи хабарҳо
0