Мулоқоти роҳбарони парлумонҳои Тоҷикистону Озарбойҷон

© Глава Маджлиси намояндагон маджлиси оли РТМахмадтоир Зокирзода, глава Маджлиси намояндагон, нижняя палата парламента Таджикистана
Махмадтоир Зокирзода, глава Маджлиси намояндагон, нижняя палата парламента Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо роҳбари раиси Маҷлиси миллии Озарбойҷон вазъи феълӣ ва дурнамои ҳамкориҳои миёни ду кишварро баррасӣ кардаанд
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Маҳмадтоҳир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, ҳамкорӣ бо Озарбойҷон дар стратегияи сиёсати хориҷии ҶТ яке аз ҷойҳои муҳимро ишғол мекунад.
Ӯ ин нуктаро дар мулоқот бо Соҳиба Ғаффорова, раиси Маҷлиси миллии Озарбойҷон таъкид кардааст.
Зокирзода ҳавасмандии Душанберо барои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ бо Озарбойҷон баён дошт.
"Муяссар гардид, ки дар давраи истиқлол, тӯли 30 соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ, низоми қавӣ ва ҳамаҷонибаи шарикии дуҷонибаро дар асоси ошкорбаёнӣ, эътимод ва ҳамкории баробарҳуқуқ бунёд намоем", - омадааст дар иттилоия.
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2022
Зокирзода дар Озарбойҷон аз нақши таърихии Эмомалӣ Раҳмон гуфт
Инчунин аз сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Озарбойҷон дар соли 2018-ум зикр шудаст, ки зимни он 12 санади нав ба имзо расида. Ин сафари раисҷумҳур барои гузаштан ба сатҳи баланди ҳамкории мутақобилан судманд заминагузор шудааст.
Дар маҷмуъ миёни Тоҷикистон ва Озарбойҷон 59 созишнома ва аҳднома баста шудааст.
Дар мавриди ҳамкориҳои иқтисодӣ зикр шудааст, ки комиссияи дахлдор дар ин бора фаъолият дошта, бо ташаббуси сафорати Тоҷикистон дар Озарбойҷон ва бо дастгирии соҳибкорони озарӣ соли 2020 Хонаи тиҷоратии "Тоҷикистон" дар шаҳри Боку таъсис ёфтааст.
Ҷонибҳо изҳор доштаанд, ки барои рушди ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногун чораандешиҳоро идома хоҳанд дод.
Лентаи хабарҳо
0