Нигаронии Русия аз вазъ дар ВМКБ ва ваъдаи мақомоти тоҷик барои таъмини эътидол

© Sputnik / Евгений ОдиноковЗдание Министерства иностранных дел РФ
Здание Министерства иностранных дел РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2022
Обуна шудан
Вазорати умури хориҷии Русия нигаронияшро аз ташаннуҷи вазъият дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баён дошта, аз ваъдаи мақомоти тоҷик гуфтааст
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон ваъда додаанд, ки барои эътидоли вазъият дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чораандешӣ мекунанд, изҳор дошт Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия.
Захарова зимни нишасти хабарӣ гуфт, хабарҳои расмии мақомоти Тоҷикистон дар бораи ташаннуҷи вазъ дар ВМКБ-ро бо нигаронӣ қабул карданд. Ӯ афзуд, ки мақомоти Тоҷикистон дар хабарҳояшон ташаннуҷи вазъро кори дасти омилҳои ҷиноӣ ва ифротгароҳо хондаанд.
Намояндаи ВУХ Русия бо зикри қурбонӣ ва маҷруҳ шудани одамон дар ин ҳаводис, аз ҷумла миёни қудратиҳо изҳор дошт, ки дар миёнашон шаҳрвандони Русия нестанд.

"Мақомоти ҷумҳурӣ ваъда додаанд, ки тадбирҳои заруриро барои эътидоли вазъият ва таъмини амнияти русиягиҳо, ки метавонанд дар макони ҳодиса бошанд, меандешанд", - афзуд ӯ.

Қаблан Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки "гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша" иборат аз 200 нафар дар маркази ноҳияи Рӯшон, дар 3 нуқта шоҳроҳи Душанбе — Хоруғ ва роҳи комендатураи сарҳадиро бастанд.
Ба иттилои ин ниҳод, бо мақсади таъмини амнияти шаҳрвандон, тартиботи ҷамъиятӣ аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар амалиёти зиддитеррористӣ оғоз гардид.
Военный парад в Хороге по случаю приезда президента Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2022
Анҷоми амалиёти зиддитеррористӣ дар ВМКБ: Роҳи Хоруғ - Қулма боз шуд
"Дар натиҷа 8 нафар силоҳбадаст безарар, ёздаҳ нафар захмӣ ва беш аз ҳафтод нафар аъзоёни фаъоли дастаи террористӣ дастгир шуданд", - омадааст дар иттилоия.
ВУД сокинони Рӯшонро дар он муттаҳам мекунад, ки бо истифода аз маводи оташафрӯзандаи "Коктейли Молотов" ба колоннаи автомашинаҳои хидматчиёни воҳиди таъйиноти махсуси зиддитеррористии КДАМ ҳамла намуданд.
Бар асари он як афсар ба ҳалокат расида, 13 нафар аз хидматчиёни ҳарбӣ ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд, таъкид кардааст манбаъ. Додситонӣ аз рӯйи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз кардааст.
Лентаи хабарҳо
0