Алишер Усмонов аз ҳамсараш ҷудо мешавад

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкАлишер Усманов и главный тренер сборной России по художественной гимнастике Ирина Винер-Усманова
Алишер Усманов и главный тренер сборной России по художественной гимнастике Ирина Винер-Усманова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2022
Обуна шудан
Алишер Усмонов пас аз 30 соли зиндагии якҷоя бо ҳамсараш Ирина Винер барои ҷудошавӣ ба додгоҳ муроҷиат кард. Замони мурофиа маълум шудааст
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Соҳибкори ӯзбектабор Алишер Усмонов ва сармураббии тими гимнастикаи бадеии Русия Ирина Винер-Усмонова тасмим гирифтанд, ки аз ҳам ҷудо шаванд.
Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба додгоҳи ноҳиявии Маскав хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки додситони ноҳияи Крилатское дар Маскав масъалаи ҷудошавии Алишер Усмонов ва Ирина Винерро рӯзи 7 июн баррасӣ мекунад.

"Баррасии парванда дар бораи бекор кардани ақди никоҳ рӯзи 7 июн, соати 12:00 ба вақти Маскав таъйин шудааст", - гуфтааст ҳамсуҳбати оҷонсӣ.

Додгоҳ тавзеҳ дод, ки Усмонов даъвогари ин парвандаи шаҳрвандӣ ва Винер ҷавобгар мебошад.
Зимнан миллиардер ва мураббии гимнастикаи бадеӣ барои тасмими ниҳоӣ тақрибан ду ҳафта вақт доранд.
Зиёда аз 20 сол аст, ки Винер қаҳрамонҳоро дар соҳаи гимнастаи бадеӣ тарбия мекунад.
Пеш аз қонунӣ кардани муносибатҳо Усмонов ва Винер 15 сол бо ҳам вохӯрдаанд, менависад "СтарХит".
Алишер Усманов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2021
Алишер Усмонов саховатмандтарин сарватманд номида шуд
Алишер ва Ирина дар толори варзишӣ, ки ҳар ду дар он ҷо машқ мекарданд, ҳамдигарро дидаанд.
Ирина Александровна бо гимнастика, Алишер Бурҳонович бо шамшербозӣ машғул буд. Варзишгари 73-сола ба ҳайси сармураббии Маркази омодагии олимпӣ кор мекунад.
Аз соли 2001 раҳбарии тими гимнастикаи бадеии Русияро бар уҳда дорад.
Усмонов бошад, дар рейтинги сарватмандтарин тоҷирони Русия дар ҷои ҳафтум қарор дорад. Соли гузашта соҳибкор ба феҳрасти 250 сарватманди Бритониё ворид шуд.
Лентаи хабарҳо
0