Дидори сафири кишвар бо тоҷикони муқими Украина

© Пресс-служба посольство РТ в УкраинеДавлатали Назризода, посол РТ в Украине
Давлатали Назризода, посол РТ в Украине  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Сафири Тоҷикистон дар Киев бо тоҷикони муқими Украина масъалаи хориҷ шудан ё боқӣ мондани онҳо дар ин кишварро баррасӣ намуд
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Дар ин дидори Давлаталӣ Назризода, сафири Тоҷикистон дар Киев бо тоҷикони муқими Украина вазъи шаҳрвандон ва хоҳиши хориҷ шудан ё боқӣ мондани онҳо дар ин кишвар баҳсу баррасӣ шуд, иттилоъ додааст сомонаи “Авесто”.
Таъкид шудааст, ки пас аз оғози буҳрон дар Украина беш аз ду ҳазору 500 тоҷик ин кишварро тарк карда, ба Лаҳистон, Руминия, Молдова ва Словакия паноҳ бурдаанд.
Ҳамчунин дар ин дидор қайд шудааст, ки теъдоде дар сурати оддӣ шудани авзоъ мунтазири бозгашт ба Украина ҳастанд.
Ҳудуди 4 ҳазор табааи Тоҷикистон дар Украина кор ва зиндагӣ мекунанд.
Министр иностранных дел России Сергей Лавров выступает с лекцией - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лавров дар бораи тӯл додани низоъ ва музокирот бо Украина
Ёдовар мешавем, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро рӯзи 24 феврали соли равон оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки ҳашт сол боз таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Лентаи хабарҳо
0