Эрдуғон: Туркия аз Русия ва газаш даст намекашад

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузариш ба медиабонкСаммит G20 в Риме
Саммит G20 в Риме - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2022
Обуна шудан
Президенти Ҷумҳурии Туркия изҳор дошт, ки кишвараш аз Федератсияи Русия ва гази ин кишвар ба ҳеҷ ваҷҳ даст намекашад
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Туркия наметавонад аз равобит бо Русия даст кашад, хабар медиҳад РИА "Новости" бо истинод ба кишвардори Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон.
Роҳбари Туркия ҳамчунин илова кард, аз гази Русия, ки ин як масъалаи стратегӣ аст, ба ҳеҷ ваҷҳ даст намекашад.

"Мо бо ҳар ду ҷониб (Русия ва Украина - идора) робита дорем. Мо бо Русия лоиҳаи негӯгоҳи барқӣ-атомии "Аккую" дорем. Соли оянда ин лоиҳаро ба анҷом мерасонем, онро мекушоем. Ин барои мо як манбаи хеле ҷиддӣ аст", - таъкид намуд Эрдуғон.

Дар идома ӯ зикр намуд, ки пас аз ба истифода додани ин нерӯгоҳ Туркия 50%-и гази масрафии худро аз Русия мегирад.
Ба таъкиди Эрдуғон, ин як масъала ва равобити стратегӣ аст, ки Туркия намехоҳад онро аз даст диҳад ва ё вайрон кунад.
Моряки фрегата Йлдирим ВМС Турции  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2022
Туркия монеаи баррасии дархости Финландия ва Шветсия дар НАТО шудааст
Қаблан вазири умури хориҷии Туркия гуфт, Анкара таҳрим ҷорӣ накардааст ва пайваста аз Русия газ мегирад.
Ӯ гуфт, чун Анкара ба таҳримҳо алайҳи Русия ҳамроҳ нашудааст, аз ин рӯ интиқоли газ бидуни мушкил сурат мегирад.
"Баъд аз оғози ҷанг ман дар бораи ниёзи Туркия ба гази Русия пурсидам. Пеш аз ҷанг он тақрибан 50% буд, ҳоло тақрибан 40% аст", - таъкид кард Човушуғлу дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии "Al Haber".
Ба гуфтаи ӯ, дар интиқоли гази Русия мушкиле вуҷуд надорад.
Лентаи хабарҳо
0