Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар Қазоқистон соҳибкор шаванд: бо кадом роҳ?

Портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Шаҳрвандони Тоҷикистон ва якқатор кишварҳои дигар бо шарти доштани иҷозаи иқомат метавонанд дар Қазоқистон ба соҳибкорӣ машғул шаванд
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Шаҳрвандони Русия, Тоҷикистон, Қирғизистон, Беларус, Арманистон, ки дар Қазоқистон иҷозаи иқомат доранд, метавонанд дар ин кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шаванд.
Дар ин бора Sputnik Қазоқистон бо такя ба Кумитаи давлатии даромадҳои Вазорати молияи Қазоқистон хабар додааст.
Шаҳрвандони хориҷӣ барои қайд шудан ҳамчун соҳибкори инфиродӣ бояд огоҳинома супоранд.
Ин маънии онро дорад, ки шахси воқеӣ барои ба қайд гирифтанаш ба сифати соҳибкори инфиродӣ ба мақомоти давлатӣ дар бораи оғози фаъолият ба сифати соҳибкори инфиродӣ танҳо огоҳнома пешниҳод мекунад.

Огоҳиномаро чӣ тавр бояд фиристод?

Огоҳинома дар бораи оғози фаъолият тавассути портали "egov.kz", барномаи мобилии "e-Salyq business", замимаҳои мобилии бонкҳои сатҳи дуюм, инчунин дар шакли коғазӣ тавассути марказҳои хидматрасонии мақомоти давлатии даромад фиристода мешавад.
Бақайдгирӣ дар давоми як рӯзи корӣ пас аз фиристодани огоҳинома анҷом дода мешавад.
Встреча Рустама Эмомали с главой Сената Казахстана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2022
Рустами Эмомалӣ аз раиси Сенати Қазоқистон сармоягузорӣ хост
Маълумотро дар бораи бақайдгирии соҳибкорони инфиродӣ дар торномаи "www.kgd.gov.kz" дар ҷадвали "Ҷустуҷӯи андозсупорандагон" дар хидматҳои электронӣ дидан мумкин аст.
“Бояд гуфт, тибқи созишнома дар бораи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, аз 29 майи соли 2014 шаҳрвандони Қазоқистон, инчунин ғайрирезидентҳои Русия, Тоҷикистон, Қирғизистон, Беларус, Арманистон, ки дар қаламрави Қазоқистон ба таври доимӣ истиқомат мекунанд, яъне иҷозатномаи иқомат дорад, метавонанд дар Қазоқистон ба соҳибкорӣ машғул шаванд”, - шарҳ доданд дар кумита.
Лентаи хабарҳо
0