Силоҳи тавонотарини Тоҷикистон ошкор шуд

© Министерство обороны РФ / Гузаштан ба хазинаи аксУчения войск ПВО с участием дивизиона ЗРК С-300 "Фаворит"
Учения войск ПВО с участием дивизиона ЗРК С-300 Фаворит - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон чунин иқтидори ҳарбӣ надоранд, ки аслиҳаи муосири ҷумҳурӣ аз уҳдаи ҷилавгирӣ аз зарбаҳои он набарояд
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Системаҳои мудофиаи зиддиҳавоии Тоҷикистон ҳифзи кишварро пурра таъмин мекунанд. Дар ин бора Николай Ким, атташеи нерӯҳои низомӣ ва ҳавоии сафорати Русия дар ҷумҳурӣ зимни як мизи гирд дар Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон (Славянӣ) хабар дод.
Чунин андешаро дар бораи системаҳои дифои ҳавоӣ дар асоси хусусиятҳои онҳо метавон баён кард.

"Ҳайати нерӯҳои дифои зиддиҳавоии қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон бо системаҳои зиддиҳавоӣ муҷаҳҳаз мавҷуд буда, хусусияти тактикӣ ва техникии онҳо имкон медиҳад, ки фазои кишварро пурра фаро гиранд", - таъкид кард Ким.

Ба гуфтаи вай, давлатҳои ҳамсоя чунин иқтидори низомӣ надоранд, ки аслиҳаи ҷумҳурӣ аз уҳдаи ҷилавгирӣ аз зарбаҳои онҳо набарояд.
Сухангӯи сафорат гуфт, "ҳоҷат ба нигаронӣ дар бораи фазои ҳавоии кишвар нест".
Вай ёдовар шуд, Русия ва Тоҷикистон созишномаеро имзо карданд, ки бар асоси он, ҷумҳурӣ ба низоми минтақавии дифои ҳавоӣ бо аслиҳаи муосир ворид мешавад.
Командно-штабные учения, расчеты ЗРК С-300  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2021
Думаи Русия созишномаи ташкили низоми ягонаи дифои зиддиҳавоӣ бо Тоҷикистонро тасвиб кард
Маврид ба зирк аст, ки дар яке аз тамрингоҳҳои мамлакат комплексҳои С-300 мавҷуданд. Сарбозони тоҷик курси пурраи омӯзишро дар Федератсияи Русия хатм карда, метавонанд ин гуна таҷҳизотро идора кунанд.
Дар ояндаи наздик С-300 ба нерӯҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ дода мешавад, гуфт Ким.
Ёдовар мешавем, созишномаи миёни Тоҷикистон ва Русия дар бораи таъсиси системаи ягонаи дифоъи ҳавоии минтақаӣ моҳи апрели соли 2021 ба имзо расида буд.
Лентаи хабарҳо
0