Содироти маҳсулоти кишоварзии Хатлон ба хориҷ коҳиш ёфт

© Пресс-служба Хатлонской областиКурбон Хакимзода, заседание по сельскому хозяйству
Курбон Хакимзода, заседание по сельскому хозяйству  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2022
Обуна шудан
Мақомоти вилояти Хатлон хабар додаанд, ки вилоят ба хориҷ аз кишвар дар ҳаҷми 5349,8 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот кардааст
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлони Тоҷикистон аз коҳиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ хабар додааст, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии мақомоти вилоят.
Ба гуфтаи раиси вилоят, то рӯзи 18 май аз шаҳру ноҳияҳои вилоят 5349,8 тонна маҳсулот, аз ҷумла 720 тонна тавассути роҳи оҳани вилоят содирот шудааст, ки нисбати соли гузашта 4271,6 тонна кам аст.
Вай гуфт, асосан 2677,3 тонна сабзавот, аз ҷумла 849,2 тонна пиёз, 933,5 тонна сабзӣ, 870 тонна лаблабӯ, 24 карам ва 1871,2 тонна мева: 725,9 тонна олу, 986,9 зардолу, 16,8 тонна шафтолу, 141,6 лимӯ ва 737,3 тонна дигар маҳсулот содир шудааст.
“Роҳбарияти шаҳру ноҳияҳои вилоятро зарур аст, ки нақшаи солонаи содироти маҳсулоти кишоварзиро, ки 95 ҳазор тонна аст, бо андешидани тадбирҳои созанда амалӣ намоянд”, - қайд кардааст раиси вилоят.
Ҳамзамон раиси вилоят ба масъулони идораҳои дахлдори соҳаи кишоварзӣ барои пешгирӣ аз ҳашароти зараррасон, таъмини шароит барои рушди парандапарварӣ ва афзоиши саршумори чорво, беҳдошти замин, обёрӣ, истифодаи самарабахши ҳар ваҷаб замини киштбоб, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо, назорати бехатарии сифати маҳсулоти хӯрокворӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, ҳимояи ҷангалзорҳо дастуру супоришҳои мушаххас додаааст.
Контейнерный терминал, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2022
Содирот аз Тоҷикистон ду баробар коҳиш ёфтааст
Қурбон Ҳакимзода изҳори итминон кард, ки кишоварзони вилояти Хатлон бо истифода аз захираву имкониятҳои мавҷуда барои ба даст овардани дастовардҳои беҳтарини истеҳсолӣ тамоми қувваи қобили меҳнатро сафарбар намуда, дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии давлат, таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми худро мегузоранд.
Лентаи хабарҳо
0