Вазорат аз идомаи таслимшавии низомиёну сарбозони украинӣ гуфт

© Sputnik / Alexey Kudenko / Гузаштан ба хазинаи аксСдавшихся в плен украинских военных и боевиков доставляют в СИЗО в Еленовку
Сдавшихся в плен украинских военных и боевиков доставляют в СИЗО в Еленовку - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ҳафтаи равон беш аз ҳазор сарбози украинӣ таслим шуданд, ки бархе аз онҳо ба кумаки тиббӣ ниёз доштанд. Вазорат гуфт, ба маҷруҳон кумакҳои лозимӣ расонида шуд
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Аз 16 то 19 май 1730 ҷангҷӯ дар корхонаи "Азовстал"-и Мариупол таслим шудаанд.
Дар ин бора сухангӯи Вазорати мудофиаи Русия, генерал-майор Игор Конашенков хабар дод.
"Дар давоми 24 соати охир 771 ҷангҷӯи воҳиди миллатгарои "Азов" дар корхонаи басташудаи металлургии "Азовстал" дар Мариупол таслим шуданд", - таъкид намуд Конашенков.
Конашенков зикр кард, ки аз 16 май дар маҷмуъ 1730 ҷангҷӯ таслим шудаанд, ки 80 нафари онҳоро маҷруҳон ташкил медиҳанд.
Ҳамзамон вай таъкид кард, ҳамаи афроде, ки ниёз ба табобат дар бемористонро доранд, дар муассисаҳои тиббии Новоазовск ва Донетск ҷо дода шудаанд.
Министр иностранных дел России Сергей Лавров выступает с лекцией - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лавров дар бораи тӯл додани низоъ ва музокирот бо Украина
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро рӯзи 24 феврал оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки ҳашт сол боз таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои украинӣ зарба мезананд ва то рӯзи 25 март онҳо вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро иҷро кардаанд - тавони ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш додаанд.
Ҳадафи асосиро мақомоти низомии Русия озодкунии Донбасс номиданд.
Лентаи хабарҳо
0