Бархӯрди маргбори мототсиклҳо дар Панҷ ду кушта бар ҷой гузошт

© PixabayМотоцикл, архивное фото
Мотоцикл, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ҳодисаи нохуш дар Панҷ поси шаб рух додааст. Вазорат мегӯяд, як мотосиклсавор ба самти муқобили роҳ баромад, ки дар натиҷа ин ҳодиса сар зад
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Ду сокини ноҳияи Панҷ дар пайи як садама ҷон доданд, хабар медиҳад Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи нохуш нисфи шаб дар ҳудуди деҳаи Деҳбаланд сар задааст.
Гуфта мешавад, мототсиклсавори 33-солае, ки сокини ҳамин ноҳия мебошад, дар ҳудуди деҳаи Деҳбаланд аз уҳдаи идораи мототсикл набаромада, дар самти муқобили роҳ ҳаракат кардааст.
Дар натиҷа ӯ ба мототсикли дигар, ки таҳти идораи як сокини 33-солаи ин ноҳия будааст, бархӯрдааст.
Автомобили после столкновения, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2022
Дар Русия аз ҳама беш таксиронҳои қирғиз дучори садама мешаванд: тоҷикон дар ҷойи дуюм
ВУД меафзояд, пас аз бархӯрди мототсиклҳо ронандаи дуввум бо мусофири 36 - солаи худ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.
Зикр гардид, ки ҳалокшудаҳо ҳар ду сокинони ноҳияи Панҷ мебошанд.
Мотосиклроне, ки боиси сар задани ин садама гардид, низ ҷароҳатҳои вазнин бардошта, феълан дар бемористон бистарӣ аст.
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0