Деги оши тоҷикӣ чанд пул меистад?

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Оши палав, ғизои аслии маъракаҳои мардумӣ дар Тоҷикистон, ки аз биринҷ, гӯшт, сабзӣ, рӯған, пиёз, зира, сир ва нахуд таҳия мешавад, феълан чӣ қадар нарх дорад?
Арзиши маҳсулоти маъмултарин таоми тоҷикистониён, ки зеби дастархони хонаводагию маъракаҳои оммавӣ мебошад, дар тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон гирд оварда шудааст.
Ёдрас менамоем, ки аз соли 2016 оши палави шарқӣ ба Феҳристи мероси фарҳангии ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил шудааст. Ин ғизо дар тӯйҳои арӯсиву домодӣ, ҷашну маъракаҳои ҳукуматӣ ва шабнишиниҳои дӯстона зеби дастурхонҳо дар Тоҷикистон мебошад.
Инчунин солҳои охир баргузории Ҷашнвораи "Оши палав" дар Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст. Нахустин Ҷашнвораи "Оши палав" соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд. Дар ин рӯз ошпазҳои моҳир ҳунарашонро нишон дода, миёни ошхӯрҳо низ мусобиқаҳо баргузор менамоянд.
Лентаи хабарҳо
0