ВУХ Қирғизистон: Душанбе ва Бишкек ба муколамаи нав омодаанд

© Пресс-служба президента КыргызстанаФлаги Таджикистана и Кыргызстана
Флаги Таджикистана и Кыргызстана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Бино ба иттилои намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон, дар ояндаи наздик мулоқоти додситонҳои кулли ду кишвар дар назар аст
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Душанбе омодааст, ҳама гуна масъалаҳои матраҳкардаи Бишкекро дар сатҳи хадамоти дахлдор баррасӣ кунад.
Дар ин бора Азиз Мадмаров, муовини вазири корҳои хориҷии Қирғизистон дар ҷаласаи гурӯҳи вакилони "Элдик" хабар дод.

"Дар мулоқот бо сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон яке аз масъулон итминон дод, ки омодаанд, ҳама масъалаҳоро баррасӣ кунанд. Онҳо омодаанд, дар сатҳи Вазорати хориҷа, Додситонии кул дар ин замина музокира кунанд", - гуфт Азиз Мадмаров.

Ба гуфтаи ӯ, Вазорати корҳои хориҷӣ бо шаҳрвандони Қирғизистон, ки дар кишвари ҳамсоя боздошт ва маҳкум шудаанд, пайваста кор мебарад.
Ин мавзуъ дар сафари ахири вазири умури хориҷии Қирғизистон Ҷээнбек Кулубоев дар Душанбе матраҳ шудааст.
Илова бар ин, ба гуфтаи ӯ, дар ояндаи наздик мулоқоти додситонҳои кулли ду кишвар дар назар аст.
Мақомоти Тоҷикистон қазияи боздошти 11 шаҳрванди кишвар дар Қирғизистонро таҳқиқ мекунанд
"Ҳалли масъалаи шаҳрвандони боздоштшудаи Қирғизистон вазифаи аввалиндараҷаи сафири нав Эрлан Абдилдаев аст",- гуфт Азиз Мадмаров.
Ба иттилои Додситонии кулли Қирғизистон, дар Тоҷикистон 13 шаҳрванди ин кишвар бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз боздошт ва ду нафари онҳо ба ҳабси абад маҳкум шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0