Дабири кулли СММ аз наздик шудани фалокат гуфт

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузаштан ба хазинаи аксГенеральный секретарь Организации Объединенных Наций Антониу Гутерриш
Генеральный секретарь Организации Объединенных Наций Антониу Гутерриш - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дабири кулли СММ бо ёдоварӣ аз мавҷудияти манобеи таҷдидшаванда, аз қабили нерӯи бодӣ ва офтобӣ барои суръат бахшидан ба интиқоли энержӣ пешниҳодҳо кард
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Гузориши Созмони Ҷаҳонии Метеорологӣ дар бораи натоиҷи соли 2021 аз наздикшавии фалокати иқлимӣ равшан дарак медиҳад, гуфт дабири кулли СММ Антониу Гутерриш дар шарҳи ин санад.
"Низоми ҷаҳонии энержӣ халалдор шудааст ва ин моро ба фалокати иқлим наздиктар мекунад", - гуфт Гутерриш.
Вай мизони рекордии соли гузашта оид ба болоравии сатҳи баҳр, баландшавии ҳарорати уқёнус ва афзоиши кислотаи уқёнусҳоро қайд кард.
Дабири кулли СММ тадбирҳо барои суръат бахшидан ба интиқоли энержиро пешниҳод кард.
Парламент Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2022
Тасвиби созишнома барои тобовар кардани кишоварзӣ ба тағйирёбии иқлим дар ҳавзаи Вахш
Вай аз мавҷудияти энергияи шамол ва офтобӣ барои сайёра ёдовар шуда, ҳамчунин ба зарурати тавсеаи фанновариҳои энергияи таҷдидшаванда таъкид намуд.
МАГАТЭ ба Тоҷикистон дар мубориза бо тағирёбии иқлим кумак мекунад
Гутерриш аз давлатҳо даъват кард, ки тасвиби тарҳҳои энержии офтобӣ ва шамолиро осон кунанд, шабакаҳои барқро навсозӣ намоянд, се маротиба сармоягузорӣ ба манобеи таҷдидшавандаро бештар кунанд ва пуштибонии сӯзишвории истихроҷшавандаро хотима диҳанд.
Лентаи хабарҳо
0