https://sputnik-tj.com/20220520/fft-charo-ergashev-timi-olimpi-tamrin-1048591474.html
ФФТ гуфт, чаро Эргашев тими олимпиро муваққатан тамрин намедиҳад
ФФТ гуфт, чаро Эргашев тими олимпиро муваққатан тамрин намедиҳад
Федератсияи футболи Тоҷикистон аз мушкили саломатии сармураббии тими олимпии ҷумҳурӣ - "U - 23" хабар дода, афзуд, ки муваққатан ӯро мурабби дигар иваз мекунад
2022-05-20T13:20+0500
2022-05-20T13:20+0500
2022-05-20T15:05+0500
дар тоҷикистон
ҷавонон ва варзиш
федератсияи футбол
кумитаи байналмилалии олимпӣ
тамрин
мубин эргашев
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101365/04/1013650481_0:0:2049:1153_1920x0_80_0_0_00f0cf32888823ff187dc7ebfd014ff0.jpg
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Мубин Эргашев, сармураббии тими миллии олимпии Тоҷикистон дар риштаи футбол - "U-23" барои табобат дар Эрон қарор дорад. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дода афзуд, ки ба ҷойи Эргашев тими олимпии кишварро ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё - 2022 сармураббии дастаи "Хатлон"-и Бохтар, Аслиддин Ҳабибуллоев тамрин медиҳад. Ба ситоди мураббиёни иҷрокунандаи вазифаи сармураббии тими олимпӣ ҳамчунин Раҳматулло Файзуллоев, Юсуф Рабиев, мураббии дарвозабонҳо Меҳвар Сулаймонов ва мураббӣ - таҳлилгар Фаррух Марофиев ворид гардидаанд. Ҷамъомади таълимиву тамринӣ таҳти роҳбарии Ҳабибуллоев аз 20 то 28 май баргузор шуда, ӯ 23 бозигарро ба ин давраи омӯзишӣ даъват кардааст. Дар миёни даъватшудаҳо, аз ҷумла 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар мебошанд. Дар назар аст, ки дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 мунтахаби олимпии Тоҷикистон ду бозии дӯстона анҷом диҳад, аммо ҳарифони он ҳанӯз мушаххас нашудаанд.Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 аз 1-ум то 19-уми июн дар Ӯзбекистон баргузор мешавад. Бозии тими Тоҷикистон дар гурӯҳи "D" бо мунтахабҳои Арабистони Саудӣ дар 3 июн, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар 6 июн ва Ҷопон дар 9 июн баргузор мегардад.
https://sputnik-tj.com/20220520/omodagi-muntakhab-olimpii-tojikiston-1048587480.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101365/04/1013650481_42:0:1855:1360_1920x0_80_0_0_80c1608a151e75a989f69c2539e2d60b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҷавонон ва варзиш, федератсияи футбол, кумитаи байналмилалии олимпӣ, тамрин, мубин эргашев
ФФТ гуфт, чаро Эргашев тими олимпиро муваққатан тамрин намедиҳад
13:20 20.05.2022 (Навсозишуда: 15:05 20.05.2022) Федератсияи футболи Тоҷикистон аз мушкили саломатии сармураббии тими олимпии ҷумҳурӣ - "U-23" хабар дода афзуд, ки муваққатан ӯро мураббии дигар иваз мекунад
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Мубин Эргашев, сармураббии тими миллии олимпии Тоҷикистон дар риштаи футбол - "U-23" барои табобат дар Эрон қарор дорад.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дода афзуд, ки ба ҷойи Эргашев тими олимпии кишварро ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё - 2022 сармураббии дастаи "Хатлон"-и Бохтар, Аслиддин Ҳабибуллоев тамрин медиҳад.
Ба ситоди мураббиёни иҷрокунандаи вазифаи сармураббии тими олимпӣ ҳамчунин Раҳматулло Файзуллоев, Юсуф Рабиев, мураббии дарвозабонҳо Меҳвар Сулаймонов ва мураббӣ - таҳлилгар Фаррух Марофиев ворид гардидаанд.
Ҷамъомади таълимиву тамринӣ таҳти роҳбарии Ҳабибуллоев аз 20 то 28 май баргузор шуда, ӯ 23 бозигарро ба ин давраи омӯзишӣ даъват кардааст. Дар миёни даъватшудаҳо, аз ҷумла 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар мебошанд.
Дар назар аст, ки дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 мунтахаби олимпии Тоҷикистон ду бозии дӯстона анҷом диҳад, аммо ҳарифони он ҳанӯз мушаххас нашудаанд.
Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 аз 1-ум то 19-уми июн дар Ӯзбекистон баргузор мешавад. Бозии тими Тоҷикистон дар гурӯҳи "D" бо мунтахабҳои Арабистони Саудӣ дар 3 июн, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар 6 июн ва Ҷопон дар 9 июн баргузор мегардад.