Генерал Аламшозода: Вазъият дар Рӯшон ором аст

© МИД РТПервый заместитель Министра внутренних дел генерал-майор милиции Аламшозода Абдурахмон Аламшо
Первый заместитель Министра внутренних дел генерал-майор милиции Аламшозода Абдурахмон Аламшо - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ноиби аввали вазири умури дохилии Тоҷикистон аз мақомдорони давлатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хост, корҳои фаҳмондадиҳӣ бо мардумро бештар кунанд
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Вазъият дар ноҳияи Рӯшон ором буда, ҳаракати нақлиёту фаъолияти идораю муассисаҳо бо реҷаи муқаррарӣ ҷараён дорад.
Дар ин бора Абдураҳмон Аламшозода, ноиби аввали вазири умури дохилии Тоҷикистон зимни ҷаласа бо иштироки мақомдорони давлатӣ дар шаҳри Хоруғ иттилоъ дод.
Бар асоси навори ин ҷаласа, ки аз тариқи телевизиони "Бадахшон" намоиш дода шуд, Аламшозода гуфт, ба хотири ҷилавгирӣ аз такрори ҳаводиси Рӯшон бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинон таҳким бахшида шаванд. Ӯ аз мақомдорону фаъолон даъват намуд, дар мулоқотҳо аз сокинон хоҳиш намоянд, ба роҳбандию қонуншиканӣ роҳ надиҳанд.
Генерал гуфт, дар сурати дасткашӣ аз таҷаммуъ ва изҳори пушаймонӣ сокинон аз ҷавобгарӣ озод карда мешаванд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот тафсилоти задухӯрди мақомоти амниятӣ бо сокинони ноҳияи Рӯшонро, ки аз онҳо "гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша" ном мебарад, нашр намуд.
Тибқи изҳороти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, "гурӯҳҳои мутаашаккили ҷиноятпеша"-ро Алим Шерзамон, ҳаммаслакони ӯ Холбаш Холбашев ва Улфатхоним Мамадшоева роҳбарӣ ва сарпарастӣ мекардаанд.
Пост при въезде в Горно-Бадахшанскую автономную область - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2022
ВКД "муттаҳамон"-и ноамниҳо дар Рӯшонро ном ба ном зикр кард
Ҳамчунин гуфта шудааст, ки як гурӯҳи дигар таҳти роҳбарии Ёдгор Ғуломҳайдаров, Қулмаҳмад Палаев ва Паҳлавон Шералиев дар мавзеи Вамардара, ки аз маркази ноҳияи Рӯшон дар баландии 350-400 метр ҷойгир аст, 6 мавқеи ҷангӣ ташкил намуданд.
Манбаъ меафзояд, ки ин гурӯҳ гӯё қасд дошт, бо истифода аз гранатамёти РПГ 7В, пулемёти "Калашников", автомати Калашников ва норинҷакҳои ҷангӣ ба қатораи автомашинаҳои хидматчиёни низомӣ ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом диҳад.
Илова бар ин, тибқи маълумоти вазорат, ин гурӯҳ бояд бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ, пости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, иншооти маъмурии сохторҳои давлатӣ ва шоҳроҳи асосиро мавриди ҳамла қарор медод.
Вазорат дар изҳороташ таъйид намуд, ки рӯзи 18 май дар зимни ноамниҳо дар ноҳияи Рӯшон як афсар кушта ва 13 низомии дигар захмӣ шудаанд.
Дар хабари вазорат теъдоди кушташудагон аз ҷониби ғайринизомиҳо ҳамоно 8 нафар арзёбӣ мешавад, ҳарчанд дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз 21 кушташуда гузориш мешавад.
Нооромиҳо дар ВМКБ аз моҳи ноябри соли 2021, баъди куштани як сокини ноҳияи Роштқалъа зимни амалиёти боздошт оғоз шуда буданд. Сокинони маҳаллӣ бо баргузории ҳамоиш аз мақомот таҳқиқи мунсифонаи қазия ва муҷозоти омилони марги сокинони мулкиро талаб карданд.
Лентаи хабарҳо
0