Меҳмон Бахтӣ дар Масҷиди марказӣ ҷаноза ва дар Лучоб ба хок супорида мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевМужчина совершает молитву на кладбище
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Маълум гардид, ки маросими видоъ бо шоир ва нависандаи маъруфи кишвар дар куҷо баргузор мегардад. Ҳамчунин замони ҷанозаи устод низ муайян шуд
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Меҳмон Бахтӣ, шоир ва нависандаи маҳбуби Тоҷикистон дар мазори Лучоб ба хок супорида мешавад. Дар ин бора манобеи "Pressa.tj" бо истинод ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хабар дод.
Гуфта мешавад, соати 13:00 дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе ба номи Имом Тирмизӣ ҷанозаи устод баргузор мегардад.
Маросими видоъ бошад, дар назди манзили Меҳмон Бахтӣ, паҳлуи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар робита ба даргузашти Нависандаи халқии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари давлат ба наздикону пайвандони ӯ изҳори ҳамдардӣ кард.
Дар номаи ҳамдардии Раҳмон гуфта мешавад, ки Меҳмон Бахтӣ дар тарбияи насли ҷавони адибони тоҷик саҳми арзанда гузошта, "номи нек ва асарҳои ватандӯстонаи Меҳмон Бахтӣ дар хотираи мардум абадӣ хоҳанд монд".
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2022
"Номи нек ва асарҳояш абадӣ мемонанд": ҳамдардии Раҳмон ба пайвандони Меҳмон Бахтӣ
Меҳмон Бахтӣ дар деҳаи Шули ноҳияи Рашт таваллуд шудааст. Ӯ соли 1958 Омӯзишгоҳи омӯзгории Навобод, соли 1963 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст. Солҳои 1973-1975 дар Донишкадаи адабиёти ба номи Максим Горкийи шаҳри Маскав низ таҳсил кардааст.
Меҳмон Бахтӣ муаллифи қиссаҳои "Оҳи сабук", "Хубон", "Пирамард", "Се соати даҳшатбор" ва маҷмуаи намоишномаҳои "Лаҳзаи ҷовид", китоби шеърҳои "Пайғоми баҳор", "Хаёли ширин", китоби қиссаву ҳикояву мақолаҳои "Рӯҳи тавоно", маҷмуаи намоишномаҳои "Эҳ, ҷавонӣ, ҷавонӣ…", маҷмуаи "Пйесаҳо", гулчини қиссаву намоишномаҳои "Манзари қисмат", достони "Бозтоби Офтоб", маҷмуаи "Қиссаҳо" (бо забони русӣ) "Оҳанги хаёл" мебошад.
Меҳмон Бахтӣ ҳамчун шоири суруднавис ҳам дар миёни ҳаводорони таронаҳои лирикӣ шуҳрат дорад.
Марҳум аз соли 2004 то соли 2015 раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, солҳои 1995-2000 вакили парлумон ва солҳои 2005-2010 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон буд.
Лентаи хабарҳо
0