Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Сергей Шойгу: озодсозии Луганск дар арафаи анҷомёбист

© Пресс-служба МИД РФ / Гузаштан ба хазинаи аксМинистр обороны РФ Сергей Шойгу
Министр обороны РФ Сергей Шойгу  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раҳбари вазорати дифоъ аз густариши назорат бар қаламравҳои Донбасс хабар дод ва аз озод шудани Ҷумҳурии Мардумии Луганск иттилоъ дод
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Вазири дифои Русия Сергей Шойгу гуфт, ки озодсозии Ҷумҳурии мардумии Луганск дар арафаи анҷомёбист. Дар ин бора вазир дар нишасти коллегия сухан гуфт.
"Гурӯҳҳои нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар якҷоягӣ бо воҳидҳои милитсияи мардумии ҷумҳуриҳои Луганск ва Донетск ба густариши назорат бар манотиқи Донбасс идома медиҳанд. Озодкунии Ҷумҳурии Мардумии Луганск дар арафаи анҷомёбист", — гуфт Шойгу.
Вай таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина сокинони маҳаллиро аз шаҳру навоҳии кишвар берун намегузоранд ва аз онҳо ҳамчун сипари зинда истифода мекунанд ва ба ин васила талош мекунанд пешравии нерӯҳои Русияро ба таъхир андозад.
Ба гуфтаи ӯ, дар “Азовстал” аллакай 1908 миллатгароён таслим шудаанд. Пеш аз ин 1387 нафар аз ҳисоби нерӯҳои дарёӣ низ яроқу аслиҳаи худро ба замин гузошта буданд.
Саммит G20 в Риме - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2022
Дар ду курсӣ менишинад: ҳадафи аслии Эрдуғон ошкор шуд
Сокинони осоишта, ки дар онҷо миллатгароёни украинӣ нигаҳдорӣ мешуданд, низ аз ин корхона тахлия шуданд.
Вазир гуфт, ки то имрӯз 177 нафар, аз ҷумла 85 зан ва 47 кӯдак наҷот ёфтаанд.
"Ман қайд мекунам, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия ҳама корро анҷом медиҳанд, то аз марги мардуми осоишта ҷилавгирӣ кунанд. Барои ин долонҳои башардӯстона ба таври доимӣ кор мекунанд", - изҳор дошт сардори вазорати дифоъ.
Ҳамзамон вай таъкид кард, ки таҳдидҳои низомӣ дар наздикии марзҳои Русия пас аз дархости Финландия ва Шветсия барои узвият дар НАТО дар самти стратегии Ғарб афзоиш меёбанд.
Эътирози ғайримунтазира алайҳи вуруди Финландия ва Шветсия ба НАТО
Шойгу гуфт, ки дар ин замина Русия чораҳои муносиби ҷавобӣ меандешад.
"Дар ин шароит мо ҳайати ҷангии қӯшунҳоро фаъолона такмил дода истодаем. То охири сол дар ҳавзаи низомии ғарбӣ 12 воҳид ва ҷузъу томҳои низомӣ ташкил карда мешаванд", - хулоса кард вазир.
Лентаи хабарҳо
0