СҶБ дар робита ба хуруҷи вируси нав ҷаласаи изтирорӣ баргузор мекунад

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузаштан ба хазинаи аксЭмблема Всемирной организации здравоохранения
Эмблема Всемирной организации здравоохранения - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
То имрӯз ҳолатҳои сироятёбӣ ба ин вирус дастикам дар 9 кишвар сабт шудааст. Аксарияти гирифторони сирояти нав сокинони кишварҳои урупоӣ ҳастанд
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар робита ба хурӯҷи сирояти нав - обакони маймун, нишасти изтирорӣ баргузор мекунад.
Дар ин бора рӯзномаи "Telegraph." хаӣар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки мавзӯъи аслии ин нишаст роҳҳои интиқоли ин беморӣ, густариши он дар миёни ҳамҷинсгароён ва ҳамчунин вазъи ваксинҳо хоҳад буд.
Ин беморӣ аллакай дар чанд кишвар, аз ҷумла Бритониёи Кабир, Португалия, Испания, Белгия, Фаронса, Шветсия, Итолиё, Австралия ва Канада сабт шудааст.
Обакони маймун як сирояти нодир аст, ки аз одам ба одам низ мегузарад. Ин одатан як бемории сабук аст ва аксари одамоне, ки мубтало мешаванд, дар давоми чанд ҳафта шифо меёбанд, аммо баъзеҳо метавонанд онро бо мушкил паси сар кунанд.
Билл Гейтс, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2022
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Гейтс як амалеро ном бурд, ки метавонист пандемияи COVID-19-ро тағйир диҳад
Коршиносон таъкид мекунанд, ки бемории обакони маймун сирояти тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда маҳсуб намеёбад, балки метавонад тавассути тамоси наздик бо шахси сироятшуда паҳн шавад.
Аломатҳои аслии ин беморӣ табларза, дарди сар, дарди мушакҳо, дарди пушт, варамӣва хастагӣ мебошанд.
Кореяи Шимолӣ вазъи изтирорӣ эълон кард
Метавонад аксар вақт дар рӯй пайдо шавад ва сипас ба дигар қисмҳои бадан паҳн мешавад.
Лентаи хабарҳо
0