Вазирони мудофиаи СААД амниятро баррасӣ мекунанд

© Sputnik / Михаил ВоскресенскийУчение ОДКБ "Взаимодействие-2018"
Учение ОДКБ Взаимодействие-2018 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар нишасти роҳбарони мақомоти мудофиаи кишварҳои узви СААД инчунин иштироки Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон дар назар аст
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ амнияти низомиро баррасӣ хоҳанд кард.
Дар ин бора дафтари матбуотии СААД хабар дода афзуд, ки мулоқоти вазирони мудофиаи Тоҷикистон 24 май дар назар аст.
Таъкид шудааст, ки ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи СААД аз тариқи видеоконфронс баргузор мешавад.
Кори ҷаласаро вазири мудофиаи Арманистон Сурен Папикян роҳбарӣ карда, вазирони дифои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон дар он иштирок мекунанд. Ҳамчунин дар ҳамоиш дабири кулли СААД Станислав Зас ва сардори Ситоди муштараки созмон, генерал-полковник Анатолий Сидоров суханронӣ хоҳанд кард.
Заседание Совета коллективной безопасности ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2022
Ҷабборов: СПАД бояд роҳҳои муштараки сабук намудани оқибатҳои таҳримҳоро пайдо намояд
Ин дар ҳолест, ки ахиран ҳамоиши сарони кишварҳои узви СААД бахшида ба 30-юмин солгарди имзои Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 20-умин солгарди таъсисёбии ин созмон баргузор гардид.
Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 15 майи соли 1992 дар шаҳри Тошканд аз сӯйи роҳбарони 6 кишвари ИДМ - Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон имзо гардид. Сентябри соли 1993 ба он Озарбойҷон ва моҳи декабри он сол Гурҷистону Белорус ҳамроҳ шуданд. Созишнома аз 20 апрели соли 1994 мавриди амал қарор гирифт.
Моҳи апрели соли 1999 танҳо 6 давлат протокол дар мавриди тамдиди аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ имзо карда, Ӯзбекистон, Гурҷистон ва Озарбойҷон худдорӣ намуданд.
Рӯзи 14 майи соли 2002 Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ дар Маскав барои табдил ба созмони байналмилалии минтақаӣ таҳти унвони Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ қарор қабул карду 18 сентябри соли 2003 оинномаи СААД мавриди амал қарор гирифт.
Лентаи хабарҳо
0