Видеои задухӯрди ҷамъӣ дар мусобиқаи куштӣ дар Маскав

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкВольная и греко-римская борьба.
Вольная и греко-римская борьба.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2022
Обуна шудан
Дар як мусобиқаи куштӣ дар Маскав задухӯрди ҷаъмӣ ба амал омад. Дар ин ҷанҷол варзишкорон, мухлисон ва устодони варзиш низ ширкат карданд
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Дар мусобиқаи Лигаи байналмилалии куштии Поддубний дар Маскав миёни ширкаткунандагон, мураббиён ва мухлисон задухӯрди ҷамъӣ ба амал омад.
Муноқиша рӯзи 19 май ҳангоми сабқати даври ниманиҳоӣ дар риштаи “панкратион” дар вазни то 66 кило сар зад.
Варзишкорон, ки дар даври ниманиҳоӣ қувваозмоӣ мекарданд, Ислом Исоев ва Ратмир Хайруллин қонунҳои мусобиқаро нақз карда, ба ҷанг даромаданд.
Пас аз он ҳаморони онҳо ва мухлисон ба даргирӣ ҳамроҳ шуданд. Ин ҷанҷол бо дахолати кормандони ҳифзи ҳуқуқ қатъ карда шуд.
Видеои муноқиша дар шабакаи "Telegram"-и РИА "Новости спорт" нашр шудааст. Мусобиқаи якуми Лигаи байналмилалии куштии Поддубний рӯзҳои 19-20 май баргузор мешавад.
ФФТ довареро ҷазо дод, ки хатояш "Хатлон"- ро бар "Регар -ТадАЗ" пирӯз кард
Дар мусобиқа беш аз 1000 варзишгар аз 13 кишвар ширкат мекунанд.
Дар ин мусобиқа сабқати куштии озод, юнониву румӣ ва занона, инчунин панкратион ва грэпплинг пешбинӣ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0