Раъду барқ ва борон: пешгӯии дақиқи ҳавошиносони тоҷик

© Sputnik / Амир ИсаевДождливый день, архивное фото
Дождливый день, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Сокинон ва меҳмонони Тоҷикистонро ҳавои номусоиди абрнок интизор аст. Борони шадид, ба амал омадани раъду барқ ва шамоли сахт пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Ҳавои Тоҷикистон абрӣ пешгӯӣ шуда, бориши борон ва раъду барқ дар назар аст.
Бино ба гузориши Ожонси щавошиносии кишвар, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 18+23 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 2+3 ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавои вилояти Суғд низ тағйирёбанда пешгӯӣ шудааст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кутоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 27+32 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.
Сильный град, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2022
Оҷонсии ҳавошиносӣ аз боди шадид, борону жола ва раъду барқ ҳушдор медиҳад
Дар вилояти Хатлон низ, ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борон борида, раъду барқ ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 дараҷа ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 10+15 дараҷа ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳам ҳаво номусоид мешавад: борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 дараҷа ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе бориши сусти борон пешгӯӣ мешаваду раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво шабона 14+16 дараҷа ва рӯзона 26+28 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0