Чаро муҳоҷирони корӣ наҷоти Русия ва Тоҷикистонанд?

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкАкция "На работу на велосипеде"
Акция На работу на велосипеде  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2022
Обуна шудан
Эксклюзив
Давлатҳо ба муҳоҷирати корӣ ниёз доранд: он ба ҳар ду кишвар фоида меорад. Ҳамин тавр,ӯ Русия қувваи корӣ ва фоида мегирад ва ба Тоҷикистон маблағ ворид мешавад
ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Муҳоҷирони Тоҷикистон суботи бозори кори Русияро таъмин мекунанд. Хориҷиён ба кори устувори корхонаҳо, рушди сохтмон ва дигар соҳаҳо мусоидат мекунанд.
Дар ин бора Дмитрий Полетаев, корманди пешбари Пажӯҳишгоҳи пешгӯии иқтисодии Академияи илмҳои Русия дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт.
Ба гуфтаи коршинос, бозори меҳнати Русия ба муҳоҷирон ниёз дорад. Дар навбати худ, кор дар Русия барои хориҷиён имкони таъмини ғизо барои хонаводаҳояшон аст.

"Ин равандҳои мураккабе ҳастанд, ки даҳсолаҳо боз идома доранд. Барои Русия ва Тоҷикистон муҳоҷирати корӣ як кори мусбати бузург аст, зеро ҳамкории иқтисодӣ: интиқоли пул, таъмини мардум бо кор ва ба даст овардани маблағро дар назар дорад", - шарҳ дод Полетаев.

Хориҷиён дар фаъолияти иқтисоди Русия саҳм мегузоранд.
Дар навбати худ, ба Тоҷикистон маблағ ворид мешавад, ки барои таъмини шумораи зиёди аҳолӣ мусоидат мекунад, хулоса кард коршинос.
Рабочие Мосметростроя на строительстве станции метро Новаторская - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2022
Дар Русия ҷойи кор барои муҳоҷирони тоҷик зиёд мешавад
Илова бар ин, Полетаев дар бораи афзоиши шумори ҷойҳои холии корӣ дар Русия барои муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ сухан гуфт.
Зери дурбини назоратӣ. Тартиби нави гирифтани иҷозатномаи иқомат барои муҳоҷирон
Дар сурати ба Донетск рафтани мутахассисони Русия барои барқарорсозӣ, ба сохтмон кадрҳои нав лозим мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0