Тимии ҷавонони Тоҷикистон дар CAFA-2022 медали биринҷӣ ба даст овард

© ФФТЮношеская сборная Таджикистана (U-16)
Юношеская сборная Таджикистана (U-16) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дастаҳои мунтахаби Эрон ва Ӯзбекистон холи якранг ба даст оварда, ғолиби қаҳрамонӣ шуданд, аммо танҳо як даста медали тило гирифт
ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон барандаи медали биринҷии чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои ҷавонони то 16-сола шуд.
Дар бозии ниҳоии мусобиқот тими Зайниддин Раҳимов аз дастаи Эрон шикаст хӯрд. Федератсияи футболи Тоҷикистон қайд кард, ки бозӣ бо ҳисоби бузург 7:0 ба фоидаи рақибони варзишгарони тоҷик анҷом ёфт.
Дар бозии дигари рӯзи панҷум, мунтахаби Ӯзбекистон бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд.
Дар ин мусобиқа якбора ду тим холи як хел ба даст оварданд. Барои ҷои аввали сабқат Ӯзбекистон ва Эрон довталаб буданд.
Охирин аз ҳисоби фарқи шумораи тӯбҳо ҷои аввалро гирифт. Ӯзбекистон нуқра гирифт. Дастаи мунтахаби Эрон барандаи мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) шуд.
© Пресс-служба Федерации футбола ТаджикистанаСборная Ирана стала победителем чемпионата Центрально-Азиатской футбольной Ассоциации (CAFA)
Сборная Ирана стала победителем чемпионата Центрально-Азиатской футбольной Ассоциации (CAFA)  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2022
Сборная Ирана стала победителем чемпионата Центрально-Азиатской футбольной Ассоциации (CAFA)
Дар маросими ҷоизасупорӣ ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов, дабири кулли ин созмон Давлатманд Исломов ва дабири кулли Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Улуғбек Каримов ширкат доштанд.
Мунтахаби Қирғизистон ҷоизаи "Fair Play" гирифт, ҷоизаи махсус насиби тими Афғонистон шуд.
ФФТ гуфт, чаро Эргашев тими олимпиро муваққатан тамрин намедиҳад
Унвони беҳтарин ҳамлагар насиби футболбози ӯзбекистонӣ Амирбек Саидов гардид, ки дар ҷараёни қаҳрамонӣ 7 гол зад. Сардори тими Эрон Ризо Гандипур беҳтарин футболбоз интихоб шуд.
Лентаи хабарҳо
0