Аҳмадзода Рӯзи ҷавононро барои сокинони Суғд шодбош гуфт

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПредседатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода
Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Рӯзи ҷавонон дар Тоҷикистон 23 май таҷлил гардида, дар ин ҷашн чорабиниҳои гуногуни фарҳангию маърифатӣ дар сатҳи маҳаллу ҷумҳурӣ баргузор мешаванд
ДУШАНБЕ, 22 май – Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Суғд, сокинони вилоятро бо Рӯзи ҷавонон шодбош гуфта, таъкид намуд, ки ин бахш яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳукумати Тоҷикистон мебошад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Суғд, Аҳмадзода ба сифати далели ғамхориҳои ҳукумат баҳри дастгириву пуштибонии насли ояндасоз, қабули қарору қонунҳо, аз ҷумла таъсиси стипендия ва квотаҳои президентӣ, стипендияи байналмилалии “Дурахшандагон”, грантҳои ҳукуматиро зикр намудаст.
Вай афзуд, ки ҳамчунин Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон таъсис дода шудаст.
Раиси Суғд гуфт, аз масъалаҳои мубраме, ки ҳама бояд бо тамоми масъулият ва ҷиддият ба он муносибат кунанд, тақвият бахшидани ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву худшиносӣ мебошад.
Девушки на лавочке в Шахритузе  Хатлонской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2022
Дар вилояти Суғд Рӯзи ҷавонон бо шукуҳу шаҳомат таҷлил мегардад
"Ҷавонони мо бояд дар чунин руҳияе ба воя расанд, ки барояшон ҳар як пораи хоки ватанамон азизу муқаддас бошад ва ҳифз кардани онро барои худ қарзи фарзандиву имонӣ ва шарафи бузург донанд", - зарур хонд Аҳмадзода.
Вай ҳамчунин барои ташаббускории созандаи ҷавонон ва ҳифзи дастовардҳои давлат дар замони Истиқлол изҳори умедворӣ намуд.
"Боварии комил дорам, ки Шумо ҷавонон аз уҳдаи иҷрои ҳама вазифаҳои дар наздатон гузошташуда сарбаландона мебароед ва минбаъд низ кӯшиш мекунед, ки ба нафъи давлату ҷомеа боз ҳам содиқона хизмат намоед", - афзуд раиси Суғд.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон ҳамасола 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонон таҷлил мегардад. Таҷлили ин Рӯзро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон соли 2003 зимни як ҳамоиши фарҳангӣ дар Кохи Борбади Душанбе пешниҳод намуда, он ба ҳукми анъана даромад.
Лентаи хабарҳо
0