Ҳушдори ҳавошиносон аз борони сел ва болоравии сатҳи оби дарёҳо

© Foto Пресс-служба президента ТаджикистанаВид на реку в Согдийской области
Вид на реку в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Тайи шабу рӯзи оянда дар Тоҷикистон ҳавои номусоид дар назар буда, масъулини Агентии ҳавошиносии ҷумҳурӣ аз борони селу раъду барқ ҳушдор медиҳанд
ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Дар минтақаҳои алоҳидаи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд борони бошиддат ва раъду барқ дар назар буда, боридани жола аз эҳтимол дур нест.
Дар ин бора хабаргузории "Ховар" аз қавли Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон хабар дод. Манбаъ афзуд, дар вилояти Хатлон тӯфони чангу ғубор ба амал меояд. Суръати шамол дар ноҳияҳои алоҳида то 15-20 метр дар як сония мерасад. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 дараҷа ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм дар назар аст.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои қисман абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат, шабона дар шарқи вилоят боришоти сусти барф пешгӯӣ карда мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 17+22 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 3+2 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.
Сел дар Даштак. Дарвоз - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2022
Аз Ашт то Айнӣ: мақомот гуфтанд, ки дар Суғд чанд шаҳру ноҳияи селхез вуҷуд дорад
Дар вилояти Суғд ҳавои қисман абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида борон, дар баъзе ноҳияҳо бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 14+19 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад, афзуд Ожонс.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 дараҷа ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон ва раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 14+16 дараҷа ва рӯзона 26+28 дараҷа гарм мешавад.
Инчунин ҳушдор дода шудаст, ки то 23 май хатари селхезӣ ҷой дошта, дар дарёҳои аз ҷоришаванда аз ҷануби каторкӯҳҳои Ҳисор, аз ҷумла дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ), Вахш, Зарафшон ва Исфара баландшавии якбораи сатҳи об дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0