IRS масири Душанбе - Чаноқро барои мошинҳои сабукрав боз кард

© Sputnik / Амир ИсаевПлатный участок дороги в Варзоб, архивное фото
Платный участок дороги в Варзоб, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2022
Обуна шудан
Ширкати IRS мегӯяд, пайомади селу сангрезӣ бартараф шуда, ҳоло ҳаракати мошинҳои сабукрав дар ин масир иҷозат дода шуд
ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Ширкати IRS, ки масъулияти пулчиниву нигаҳдории шоҳроҳи Душанбе - Чаноқро бар уҳда дорад, мегӯяд, ҳоло роҳ танҳо барои мошини сабукрав боз аст.
Қаблан, ба далели омадани сел ва резиши санг ҳаракати тамоми намуди нақлиёт дар ин роҳ муваққатан баста шуд.
"Пас аз бартараф кардани пайомади селу сангрезӣ, ҳаракати нақлиёти сабук аз тариқи роҳи Душанбе - Чаноқ иҷозат дода шуд", - омадааст дар хабарномаи ширкат.
Зимнан, манбаъ хабар дод, ки дар наздиктарин фурсат гузариши автомобилҳои боркаш низ имконпазир мегардад.
Трасса Душанбе-Чанок - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2022
Роҳи Душанбе - Чаноқ муваққатан баста аст
Ёдовар мешавем, ки қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ ҳушдор дода буд, ки дар баъзе ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд боридани борони шадид ва раъду барқ ​​дар назар аст. Ин ниҳод боришоти жоларо низ пешгӯӣ карда буд.
Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки то 23 май хатари фаромадани сел, болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳое, ки аз ҷануби қаторкӯҳҳои Ҳисор, аз ҷумла Яхсу, Қизилсу (ҷануб), Вахш, Зарафшон ва Исфара ҷорӣ мешаванд, дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0