Нақби "Азовстал", ки нерӯҳои украинӣ аз он хориҷу таслим шуданд - видео

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Нахустин видеоҳо аз даромадгоҳи нақбе дар корхонаи "Азовстал"-и шаҳри Мариупол, ки ҷангиёни украинӣ аз он ҷо баромада, таслим шуданд, мунташир шуданд
Нақберо, ки ҷангиёни украинӣ аз он баромада таслим шуданд, хабарнигори РИА "Новости" ба навор гирифтааст. Хабарнигор ҳамроҳи низомиёни баталиони "Восток"-и артиши Ҷумҳурии Халқии Донетск вориди он шудааст.
Дар навор ҳамчунин домҳо аз аз норинҷакҳо намоиш дода шудаанд. Даромадан ба дохил феълан манъ аст, чун корҳои ҷустуҷӯӣ ва безараргардонии маводи тарканда дар дохили нақбҳои корхона идома дорад.
Ахиран намояндаи расмии Вазорати дифои Русия генерал-майор Игор Конашенков гуфт, корхонаи "Азовстал" дар Мариупол аз дасти ҷангҷӯёни украинӣ пурра озод карда шуд.
Намояндаи Қрим: Украина дар шакли пешинааш боқӣ намемонад
Вазири дифои Русия Сергей Шойгу ба президенти кишвар Владимир Путин дар бораи озод кардани пурраи Мариупол ҳисобот дод.
Таъкид шудааст, ки иншооти зеризаминии корхона таҳти назорати нерӯҳои Русия қарор гирифт.Манбаъ афзуд, аз 16 май инҷониб дар ҷараёни амалиёт тақрибан 2,5 ҳазор нафар миллатгароёни "Азов"* ва нерӯҳои украинӣ, ки дар қаламрави корхона муҳосира карда шуданд, аслиҳаи худро ба замин гузошта, таслим шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро рӯзи 24 феврали соли равон оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки ҳашт сол боз таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
* Ҷангиёни "Азов", ки ба ҳайати нерӯҳои мусаллаҳи Украина ворид аст, дар Русия ифротӣ эътироф ва мамнуъ эълон шуда, алайҳи ҷангиёни он дар Федератсияи Русия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Лентаи хабарҳо
0