Ҳамлаи муқтадир аз баҳри Сиёҳ: мушакҳои Русия мавозеи ҚМУ-ро ҳадаф қарор доданд - видео

Обуна шудан
Чаҳор мушаки нерӯҳои низомии Федератсияи Русия ба мавқеъҳои қувваҳои мусаллаҳи Украина дар баҳри Сиёҳ зарбаҳои ҳадафманд заданд
Вазорати дифои Русия видеои ҳамлаи як киштии зериобии флоти баҳри Сиёҳ ба зерсохтори низомии Украинаро намоиш дод.

"Экипаж чаҳор мушаки болдори "Калибр"-ро ба ҳадафҳои таъйиншудаи заминӣ партоб кард", - гуфт хадамоти матбуотии агентӣ.

Қаблан намояндаи расмии Вазорати дифои Русия генерал-майор Игор Конашенков гуфта буд, ки мушакҳои дурпарвози дарёӣ дар минтақаи истгоҳи роҳи оҳани Малин, дар вилояти Житомир аслиҳа ва техникаи низомиро нобуд кардаанд.
Стртегияи нави ИМА ва НАТО дар Украина: “Мо замину осмонро ба ҳам мезанем”
Ёдовар мешавем, ки "Калибр" дар охири солҳои 1970-ум таҳия шуд.
Ба таъкиди мутахассисон, "Калибр" аз ҷиҳати самарабахшии худ аз "Томагавк"-и Амрико бартарӣ дорад.
Мушакҳо қодиранд, ки ҳар гуна мудофиаи зидди ҳуҷуми мушакиро бартараф кунанд.
Пеш аз зарба задан ба ҳадаф "Калибр" боло мебарояд ва ба объект зарба мезанад.
Лентаи хабарҳо
0