Ҷаҳиши рекордии рубл ва уфти бесобиқаи доллару евро дар Тоҷикистон

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкКурс иностранной валюты
Курс иностранной валюты  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2022
Обуна шудан
Қурби пули русӣ дар Тоҷикистон давоми рӯзҳои истироҳатӣ ба ҳадди болотарин нишондиҳанда расид. Он нисбат ба пули тоҷикӣ боз шаш сомонӣ гарон шуд
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.
Тибқи нишондоди ин ниҳод, ҳоло арзиши 1000 рубли русӣ дар бозори арзи кишвар 172 сомонӣ аст.
Ин нишондиҳанда нисбат ба охири ҳафтаи қаблӣ 6 сомонӣ (166) зиёд аст.
Қурби евро бошад, ба таври рекордӣ поин рафтааст.
Тибқи нишондоди БМТ, қурби як евро 12.7898 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин дар ҳолест, ки ду рӯз қабл бар ивази як евро дар кишвар 13.1335 сомонӣ медоданд.
Арзиши пули амрикоӣ, ки тайи чанд ҳамтаи ахир бетағйир буд (12.4500) ба таври назаррас коҳиш ёфта ҳоло дар кишвар 100 доллар 12.1000 сомонӣ арзиш дорад.
Пачки долларовых купюр - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2022
Коршинос гуфт, доллар дар пасманзари мушкилоти ҷаҳонӣ чӣ гуна тақвият меёбад
Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд. Аз ҷумла дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 170 сомонӣ ва зимни фурӯш 177 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.
Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харид 172 ва дар фурӯш 173?5 сомонӣ муайян намудааст. "Алифбонк" ҳазор рублро феълан бо нархи 170 сомонӣ мехараду ба ивази 188 сомонӣ мефурӯшад.
Дар "Спитаменбонк" бошад, 1000 рубл зимни харид 172 ва ҳангоми фурӯш 185 сомонӣ қимат дорад.
Дар ҳамин ҳол Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0