Раҳмон вазифаҳои асосии ҷавононро гуфт

© Пресс-служба Президента РТЭмомали Рахмон, получение верительных грамот от вновь назначенных послов
Эмомали Рахмон, получение верительных грамот от вновь назначенных послов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба насли ҷавон бахшида ба Рӯзи ҷавонон, ки ҳамасола дар ҷумҳурӣ 23 май таҷлил мешавад, паём фиристод
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон аҳолии кишварро бо Рӯзи ҷавонон табрик гуфт. Дар ин бора дафтари матбуотии раҳбари давлат хабар дод.
Ин ид ҳамасола дар ҷумҳурӣ 23 май ҷашн гирифта мешавад.

"Рӯзи ҷавонон яке аз муҳимтарин санаҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст. Ба ҳамаи шумо, намояндагони ҷавонони даврони истиқлолият, ки ватандӯсту ҳисси ифтихори миллӣ доред, самимона табрик мегӯям", - гуфтааст роҳбари кишвар дар табрики худ.

Раҳмон ба ҷавонон комёбиву дастовардҳои нав ва ба Тоҷикистон сулҳу суботи абадӣ таманно кард.
Сарвари давлат нақш ва саҳми ҷавононро дар рушди соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар хеле баланд ва арзишманд хонд.
Инчунин ҷавононро ба ватандӯстӣ ва хидмати содиқона ба Ватану халқ даъват намуд.
Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2022
Аҳмадзода Рӯзи ҷавононро барои сокинони Суғд шодбош гуфт
"Ҳоло ҷомеаи мо бо мушкилоти ҷаҳонишавӣ, тезутунд шудани вазъи сиёсии ҷаҳон ва тағийроти босуръати он рӯ ба рӯ шудааст, ки аз ҷавонони мо, пеш аз ҳама ҳушёрии сиёсӣ, дониши васеъ, донистани забон, ҷаҳонбинии муосирро тақозо мекунад", - гуфт ӯ.
Вай ҳамчунин афзоиши миқёси хатару чолишҳои муосир, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ, радикализми динӣ ва дигар намудҳои ҷиноятҳои муташаккили фаромиллиро қайд кард. Раҳмон дар ин робита хостори масъулият дар ҳифзи марзу бум ва амнияти миллии давлату миллат шуд.
Президент таъкид кард, ки ҳукумати мамлакат бо дарназардошти саҳм ва нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа ва давлат барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо то ба имрӯз аз тамоми имкониятҳо истифода бурда истодааст ва бо афзоиш ёфтани имкониятҳои иқтисодии кишвар онро бештар мегардонад.
Лентаи хабарҳо
0