"Роспотребнадзор" назорати марзи Русияро шадид мекунад

© Sputnik / Александр Кондратюк / Гузаштан ба хазинаи аксРабота пограничного управления ФСБ РФ на границе с Казахстаном
Работа пограничного управления ФСБ РФ на границе с Казахстаном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
"Роспотребнадзор" мегӯяд, дар Русия феълан ягон мавриди беморшавӣ ба сурхакони маймун сабт нагардидааст, вале бо вуҷуди ин назорат дар марз шадид мешавад
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. "Роспотребнадзор" ба хотири ҷилавгирӣ аз воридоти бемории сурхакони маймун ба Русия назорати санитариро дар марз пурзӯр кардааст.
Дар ин бора РИА "Новости" бо истинод ба котиботи ниҳоди мазкур хабар дод.

"Бо мақсади ҷилавгирӣ аз воридоти ин беморӣ ба қаламрави Русия "Роспотребнадзор" тадобири назорати санитарию карантиниро дар марз пурзӯр кардааст. Вазъият таҳти назорати доимии хадамот қарор дорад", - омадааст дар хабар.

Ҳамчунин ин ниҳод афзуда, ки феълан ягон мавориди вуруди ин беморӣ ба қаламрави Русия сабт нашудааст.
Эҳтимоли роҳ ёфтани сурхакони маймун ба Русияро мутахассисони "Роспотребнадзор" ночиз гуфтанд.
Ёдовар мешавем, қаблан Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт хабар дода буд, ки теъдоди гирифторони бемории сурхакони маймун ба 92 нафар расидааст.
ВОЗ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2022
СҶБ: Cурхакони маймун миёни одамон дар авҷ аст
То 21 май СҶБ маълумот дорад, ки 92 ҳолати бемории сурхакони маймунро дар лаборатория тасдиқ кардааст. Дар ҳамин ҳол дар паём таъкид мешавад, ки онҳо дар кишварҳое сабти ном шудаанд, ки қаблан дар он ягон мавриди сироятшавӣ ба он сабт нашуда буд.
Маълум аст, ки ин беморӣ чанд ҳафта давом мекунад, аммо метавонад боиси мушкилот гардад.
Одамоне, ки бар зидди бемории сурхакони маймун ваксина шудаанд, аз ин вирус эмин хоҳанд буд, аммо эмкунии ҳатмӣ дар охири асри гузашта аз байн рафт.
Дар айни замон ҳолатҳои сирояти одамон дар як қатор кишварҳо, аз ҷумла Британияи Кабир, Шветсия, Италия, Фаронса, Австралия, Канада, Олмон, Нидерландия, Швейтсария ва Испания ба қайд гирифта шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0