Тоқаев бо даъвати Ҷабборов ба Қирғизистон сафар мекунад

© AP / Pavel GolovkinКасым Токаев
Касым Токаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2022
Обуна шудан
Ҳамкориҳои тиҷоратӣ - иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитарӣ аз масоилеанд, ки мавриди баррасии кишвардорони Қазоқистону Қирғизистон қарор мегиранд
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев рӯзи 26 май бо як сафари расмӣ вориди Қирғизистон мешавад.
Бино ба иттилои сомонаи расмии раисҷумҳури Қазоқистон, Содир Ҷабборов, кишвардори Қирғизистон Тоқаевро барои боздид аз Қирғизистон даъват кардааст. Дар Бишкек мулоқоти сарони ду кишвар дар назар аст.
Дар рӯзномаи мулоқот масъалаҳои рушди шарикии стратегии Қазоқистону Қирғизистон бо таваҷҷуҳ ба таҳкими минбаъдаи муколамаи сиёсӣ, густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитарӣ қарор доранд.
Зимнан кишвардори Қазоқистон дар Форуми иқтисодии АвруОсиё низ иштирок хоҳад кард.
Президент РФ Владимир Путин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2022
Путин дар Форуми иқтисодии Авруосиё дар Бишкек ширкат мекунад
Маврид ба зикр аст, ки дар форуми мазкур роҳбари Русия Владимир Путин низ иштирок мекунад.
Қаблан Дмитрий Песков изҳор карда буд, Владимир Путин дар Форуми иқтисодии Авруосиё, ки аз тариқи видеоконфронс баргузор мегардад, ҳузур пайдо хоҳад кард.
Раёсати Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё дар соли 2022 ба Қирғизистон гузашт.
Форуми иқтисодии Авруосиё дар ин кишвар таҳти раёсати ниҳодҳои ИА дар рӯзи 27 май дар Бишкек баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0