Даъвати баҳорӣ дар Тоҷикистон аз 90% гузашт: кӣ тамом карду кӣ монд?

© Sputnik / Сергей Аверин / Гузариш ба медиабонкПервые призывники
Первые призывники  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2022
Обуна шудан
Агар дар баъзе ноҳияҳо нақша иҷро шуда бошад, дар дигар навоҳӣ ин нишондиҳанда ба 100 фоиз наздик аст, аммо барои поён додани чорабинӣ ҳамагӣ паҷ рӯзи дигар аст
ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон раванди даъвати баҳорӣ ба хидмати ҳарбӣ ба хатти ниҳоияш наздик мешавад.
Ба иттилои сардори маркази матбуотии Вазорати дифоъ Фаридун Маҳмадализода, нақшаи сарбозгирӣ 94% иҷро шудааст, навиштааст "Авеста".
Дар баробари ин як қатор вилоятҳо уҳдадориҳои худро оид ба даъват ба хидмати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро кардаанд.
Инҳо Душанбе ва ВМКБ мебошанд. Дар вилояти Хатлон ин нишондод 94, дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 93 ва дар вилояти Суғд 90 фоизро ташкил медиҳад.

"То имрӯз ҳудуди 50 шаҳру навоҳии кишвар нақшаи сарбозгирӣ дар марҳилаи баҳорӣ ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишварро иҷро карданд", - тавзеҳ дод Маҳмадализода.

Ёдовар мешавем, ки даъвати баҳорӣ дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар аз 1 апрел оғоз шуда, ду моҳ, яъне то 31 май идома хоҳад кард.
Дар давраи даъвати баҳорӣ шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1995-2004 ба хидмати ҳарбӣ даъват мешаванд.
Служба в армии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2022
Артишгурезонро дар Тоҷикистон чӣ интизор аст: посухи ҳуқуқшинос
Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон як барномаи алтернативии хидмати пулакӣ низ ҷорӣ шудааст. Моҳи январи соли 2021 тағйироту иловаҳо ба қонун қабул карда шуд.
Ҳоло ҳар як даъватшаванда метавонад 2 соли муқарраршуда дар артиш хидмат накунад ва танҳо бо пардохти 25,2 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 2,2 ҳазор доллар) ва як моҳ омӯзиши низомӣ соҳиби билети ҳарбӣ гардад.
Сардори Ситоди генералии қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ, генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода гуфт, ки маблағҳои аз ин ҳисоб ҷамъгардида барои ниёзҳои артиши Тоҷикистон, аз ҷумла маводи ғизоӣ, либоси низомӣ ва сохтмон равона хоҳанд шуд.
Лентаи хабарҳо
0