Аз гармои шадид то сел: пешгӯии дақиқи обуҳаво дар Тоҷикистон

© Ibrahim DariushСелевой поток в Дарвазе
Селевой поток в Дарвазе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2022
Обуна шудан
Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон дар кишвар шабонарӯзи наздик дар манотиқи гуногуни кишвар омадани селро дар пайи гармои шадид пешгӯӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Дар Тоҷикстон ҳарчанд 24 май ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад, аммо номусоидии он шабонарӯзи наздик оғоз мешавад.
Агентӣ ҳавосанҷии кишвар иттилоъ додааст, шабонарӯзи наздик дар минтақаҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои доманакӯҳии вилояти Хатлон омадани сел пешгӯӣ мешавад.
Ба иттилои манбаъ, дар ВКМБ ҳавои қисман абрноки асосан бебориш дар назар аст. Шамол аз самти Ғарб бо гузариш ба Шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8+13, рӯзона 23+28 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 3+2 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.
Последствия схода селевого потока  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2022
КҲФ аз сели харобиовар дар Суғд хабар дод
Дар вилояти Суғд ҳавои камабри бебориш дар назар буда, дар ағбаҳо тормеғ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16, рӯзона 27+32 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.
Хатлониёнро ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш интизор аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 10+15 дараҷа ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабри бебориш дар назар буда, дар ағбаҳо тормеғ мефарояд.
Ҳаво дар водиҳои минтақа шабона 10+15 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар буда, шабона 12+14 дараҷа ва рӯзона 31+32 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0