Рубл афзоиш меёбад, доллар поин меравад: қурби дақиқи асъор дар Тоҷикистон

© Sputnik / Максим БлиновДенежные купюры и монеты.
Денежные купюры и монеты. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2022
Обуна шудан
Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, афзоиши қурби пули русӣ, ки дар оғози ҳафта 6 сомонӣ боло рафт, идома дорад
ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъори хориҷиро барои 24 май эълон кард.
Ба иттилои ин ниҳод, арзиши пули русӣ дар ҳоли афзоиш аст. Ҳоло 1 ҳазор рубл 172,5 сомонӣ ҳисоб мешавад.
Қобили зикр аст, ки рӯзи душанбе арзиши ин арзи хориҷӣ пас аз рӯзҳои истироҳат якбора 6 сомонӣ - аз 166 то 172 боло рафт.
Қурби доллар ва евро дар кишвар ба поёнравӣ идома медиҳанд. Ҳамин тариқ, қурби пули амрикоӣ аз 12.1000 то ба 11.8000 сомонӣ поин рафт. Ҳанӯз 20 май имкон буд, 1 долларро ба 12,4500 сомонӣ харид.
Қурби пули аврупоӣ каме коҳишро нишон медиҳад. БМТ то 24 май қурби евроро 12,5753 сомонӣ муқаррар кардааст. Як рӯз пеш дар сатҳи 12,7898 ва пеш аз рӯзҳои истироҳат 13,1335 сомонӣ буд.
Пленарная сессия Европарламента - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2022
Боррел: Рубл таҳримҳои "вайронкунанда"-и Ғарбро эҳсос накард
Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд. Аз ҷумла дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 170 сомонӣ ва зимни фурӯш 177 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.
Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харид 172 ва дар фурӯш 173,5 сомонӣ муайян намудааст. "Алифбонк" ҳазор рублро феълан бо нархи 170 сомонӣ мехараду ба ивази 185,5 сомонӣ мефурӯшад.
Дар "Спитаменбонк" бошад, 1000 рубл зимни харид 170 ва ҳангоми фурӯш 185 сомонӣ қимат дорад.
Дар ҳамин ҳол Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0