Санкт-Петербург барои рушди мутахассисони тоҷик кумак хоҳад кард

© PixabayРукопожатие, архивное фото
Рукопожатие, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2022
Обуна шудан
Дар доираи миссияи фарҳангӣ ва тиҷоратии Санкт-Петербург дар Душанбе нақшаи панҷсолаи фаъолияти муштараки лоиҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Душанбе ва Санкт-Петербург нақшаи чорабиниҳои муштарак барои солҳои 2022-2026-ро тасдиқ карданд.
Ин санадро қаблан муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода ва муовини губернатори шаҳри Санкт-Петербург Олег Эргашев имзо карда буданд. Ӯ дар раъси ҳайати Русия дар чаҳорчӯби як миссияи фарҳангӣ ва тиҷоратӣ дар Тоҷикистон қарор дорад.
Нақшаи панҷсола ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва маданиро дар бар мегирад ва харитаи роҳ низ ба имзо расид.
Ин ҳама, ба гуфтаи Табарзода, "ба густариши равобити мутақобилан судманд таконе хоҳад бахшид". Илова бар ин ӯ ба таваҷҷуҳи пойтахт дар ҷиҳати таҳким ва тавсеаи ҳамкорӣ бо Санкт-Петербург ишора кард.
Церемония открытия Кольско-Карельской транзитной электроподстанции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2022
Дархости вазири энергетикаи Русия аз Тоҷикистон: тафсилот
Мақомоти Душанбе қасд доранд, корхонаҳои муштараки саноатӣ бунёд кунанд, онҳо ба ташкили табодули таҷриба ва курсҳои такмили амалии мутахассисон дар як қатор соҳаҳо дар Санкт-Петербург манфиатдоранд. Ин ба бинокорон, муассисаҳои коммуналӣ, электромонтёрҳо, коркунони нақлиёт дахл дорад.
"Шаҳрҳои мо дорои иқтидори бузурги саноатӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва муҳимтар аз ҳама инсонӣ мебошанд ва мо омодаем, ки барои амалӣ намудани он якҷоя бо шарикон тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем", - қайд кард муовини раиси шаҳри Душанбе.
Ба гуфтаи Эргашев, Санкт-Петербург ба ҳамкорӣ бо шарикони тоҷик аҳамияти хоса медиҳад. Ҳадафи асосии рисолати фарҳангӣ ва тиҷоратии пойтахти шимолӣ таҳкими шарикӣ ва дарёфти роҳҳои нави ҳамкорӣ мебошад.
Ҳайати намояндагони Русияро, ки соҳибкорон, табибон, санъаткоронро шомил мешавад, бо ҳамкасбонашон вохӯрда, мизҳои мудаввар баргузор мекунанд.
Гуфта мешавад, ки табибони Петербург ҳатто барои сокинони Душанбе машваратҳо доир карда, бо ҳамкорони тоҷик табодули таҷриба мекунанд.

“Пас аз пандемия чунин чорабиниҳо ба анъанаи хубе табдил меёбанд ва ин барои ҳамкории тиҷоратӣ такони нави мусбӣ ба вуҷуд меорад”, - хулоса кард Эргашев.

Қобили зикр аст, ки ширкаткунандагони чорабиниҳо дар Тоҷикистон як қатор мулоқотҳо доир намуда, аз пойгоҳи низомии 201-уми Русия дидан хоҳанд кард.
Ин сафар то 25 май идома мекунад ва ҳамроҳ бо ҳайати Санкт-Петербург Театри суруд ва рақси "Морошка" ба Тоҷикистон омадаанд, ки дар Душанбе якчанд барномаи фарҳангӣ доир мекунад.
Лентаи хабарҳо
0