https://sputnik-tj.com/20220524/smm-hamraisi-hamoish-dushanbe-1048680029.html
Ноиби дабири СММ ҳамраиси ҳамоиш дар Душанбе мешавад
Ноиби дабири СММ ҳамраиси ҳамоиш дар Душанбе мешавад
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид бо мақомдори баландпояи ин созмон омодагиҳо ба ҳамоиши байналмилалӣ дар Душанберо баррасӣ кард
2022-05-24T19:10+0500
2022-05-24T19:10+0500
2022-05-24T19:53+0500
дар тоҷикистон
об
иҷтимоъ
созмони милали муттаҳид
мулоқот
конфронси байналмиллалӣ
об барои рушди устувор, 2018-2028
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/07/1042116575_0:42:3219:1853_1920x0_80_0_0_b65373a393c900740604fc26d74e23d0.jpg
ДУШАНБЕ, 24 май – Sputnik. Ҷонибек Ҳикмат, намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ бо Луи Женмин, муовини дабири кулли ин созмон дар масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард. Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, омодагӣ ба конфронси дуюми байналмилалии Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, 2018-2028" аз мавзуъҳои ин мулоқот будааст. Ин конфронс рӯзҳои 6-9 июни соли равон дар Душанбе дар назар буда, интизор меравад, ки Лиу Женминго ба ҳайси ҳамраиси ин ҳамоиш иштирок кунад. Қаблан СММ пешниҳоди Тоҷикистон дар мавриди эълони даҳсолаи "Об барои рушди устувор"-ро қабул карда, ҳадафи онро истифодаи ҳамгироёнаи захираҳои об, аз ҷумла пешбарии ҳамкориҳо ва шарокат дар ҳама самтҳо арзёбӣ карда буд. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ахиран бо зикри аҳамияти масоили об зикр намуд, ки дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ва гармшавии бесобиқаи саросарӣ аз 13 ҳазор пиряхи кӯҳҳои Тоҷикистон беш аз ҳазортои онҳо комилан об шудаанд. Танҳо дар давоми даҳсолаҳои охир пиряхи Федченко дар Тоҷикистон ҳудуди 11 километри мураббаъ кам шудааст, изҳор дошт Раҳмон. Ӯ таъсиси Хазинаи байналмилалии пиряхҳо дар назди Созмони Милали Муттаҳидро як қадами дигар унвон карда буд, ки метавонад барои омӯзиши ҳамаҷониба ва пешниҳоди ҳалли муассири ин мушкили ҷаҳонӣ мусоидат намояд. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин изҳори бовар кард, ки конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар бораи баррасии Даҳсолаи байналмилалии "Об барои рушди устувор" нақши калидии мушкилоти обро дар ҷаҳони муосир нишон хоҳад дод.
https://sputnik-tj.com/20220412/arabiston-hamoish-dushanbe-1047587503.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/07/1042116575_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_8f71ec4512476300b54f6f6832a1a696.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
дар тоҷикистон, об, иҷтимоъ, созмони милали муттаҳид, мулоқот, конфронси байналмиллалӣ, об барои рушди устувор, 2018-2028
Ноиби дабири СММ ҳамраиси ҳамоиш дар Душанбе мешавад
19:10 24.05.2022 (Навсозишуда: 19:53 24.05.2022) Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид бо мақомдори баландпояи ин созмон омодагиҳо ба ҳамоиши байналмилалӣ дар Душанберо баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 24 май – Sputnik. Ҷонибек Ҳикмат, намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ бо Луи Женмин, муовини дабири кулли ин созмон дар масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард.
Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, омодагӣ ба конфронси дуюми байналмилалии Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, 2018-2028" аз мавзуъҳои ин мулоқот будааст.
Ин конфронс рӯзҳои 6-9 июни соли равон дар Душанбе дар назар буда, интизор меравад, ки Лиу Женминго ба ҳайси ҳамраиси ин ҳамоиш иштирок кунад.
Қаблан СММ пешниҳоди Тоҷикистон дар мавриди эълони даҳсолаи "Об барои рушди устувор"-ро қабул карда, ҳадафи онро истифодаи ҳамгироёнаи захираҳои об, аз ҷумла пешбарии ҳамкориҳо ва шарокат дар ҳама самтҳо арзёбӣ карда буд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ахиран бо зикри аҳамияти масоили об зикр намуд, ки дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ва гармшавии бесобиқаи саросарӣ аз 13 ҳазор пиряхи кӯҳҳои Тоҷикистон беш аз ҳазортои онҳо комилан об шудаанд. Танҳо дар давоми даҳсолаҳои охир пиряхи Федченко дар Тоҷикистон ҳудуди 11 километри мураббаъ кам шудааст, изҳор дошт Раҳмон.
Ӯ таъсиси Хазинаи байналмилалии пиряхҳо дар назди Созмони Милали Муттаҳидро як қадами дигар унвон карда буд, ки метавонад барои омӯзиши ҳамаҷониба ва пешниҳоди ҳалли муассири ин мушкили ҷаҳонӣ мусоидат намояд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин изҳори бовар кард, ки конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар бораи баррасии Даҳсолаи байналмилалии "Об барои рушди устувор" нақши калидии мушкилоти обро дар ҷаҳони муосир нишон хоҳад дод.