Тақдири Украина чӣ мешавад? Посухи Патрушев

© Sputnik / Гузаштан ба хазинаи аксСекретарь Совета безопасности РФ Н. Патрушев
Секретарь Совета безопасности РФ Н. Патрушев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дабири Шӯрои амнияти Русия гуфт, ин кишвар ҳич гоҳ бо тақдири давлатҳои мустақил кордор нашудааст, балки ҳамеша барои ҳифзи он кумак кардааст
ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Тақдири Украинаро мардуме муайян мекунад, ки дар қаламрави он зиндагӣ доранд, изҳор дошт дабири Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев дар суҳбат бо нашрияи "Аргументы и факты".

"Мехоҳам хотиррасон намоям, ки давлати мо ҳтч гоҳ бо сарнавишти кишварҳои мустақил сарукор нагирифтааст. Баръакс мо ҳамеша кумак кардаем, то истиқлолашонро ҳифз кунанд", - таъкид кардаст ӯ.

Георгий Мурадов, намояндаи доимии Қрим дар назди раисҷумҳури Русия низ ахиран изҳор дошт, ки Украина дар марзҳои феълияш аллакай боқӣ нахоҳад монд.
Вай афзуд, ки ин кишвар дар шакли федеративӣ бо риояи ҳуқуқи тамоми сокинонаш, аз ҷумла дар бахши забону фарҳангу маориф метавонист боқӣ монад, аммо ин меъёрҳо дағалона вайрон шуданд.
Жители Донецкой народной республики (ДНР) на железнодорожной станции в Дебальцево во время эвакуации на территорию России в Ростовскую область - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2022
Теъдоди гурезаҳо дар Русия аз Украина ва Донбасс аз 1,5 млн нафар гузашт
Қаблан Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия гуфта буд, пошхӯрии Украина соли 2014-ум, баъди табаддулоти давлатӣ дар ин кишвар оғоз шуд. Ба гуфтаи ӯ, маҳз баъди табаддулоти давлатии соли 2014-ум Қрим аз ҳайати Украина хориҷ шуд.
Вай ҳамчунин хотиррасон намуд, ки ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганск низ мустақилияти худро эълон карда, аз ҳайати он хориҷ гардиданд. Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин бисёри аз онҳое, ки феълан дар қисматҳои ғарбии Украина зиндагӣ мекунанд, аллакай шаҳрвандии Лаҳистону Булғористонро гирифта истодаанд.
Раҳбари Думаи давлатӣ ҳамчунин хотиррасон кардааст, ки феълан изҳороте аз Херсону дигар вилоятҳо ба гӯш мерасанд, ки мехоҳанд, аз ҳайати Украина хориҷ шаванд ва воқеият феълан чунин аст.
Лентаи хабарҳо
0