Ҳисоби сатҳи таваррум дар Тоҷикистон: чӣ гарон шуд?

CC BY 2.0 / Marco Verch Professional / Rolls of dollar banknotes in shopping cartДоллары в миниатюрной тележке
Доллары в миниатюрной тележке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2022
Обуна шудан
Аз моҳи марти соли равон дар Тоҷикистон тақрибан нархи ҳамаи анвои маҳсулот, ҳам озуқаи дохилӣ, ҳам воридотӣ ва ҳам маҳсулоти ғайрихӯрокӣ боло рафтааст
ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Дар 4 моҳи соли 2022 мизони таваррум дар бозори истеъмолии Тоҷикистон 3,1%-ро ташкил дод. Ҳамин тариқ дар моҳи январ он дар сатҳи 0,5% қарор дошт ва дар моҳи феврал то ба 0,2% поин рафт, иттилоъ дод хабаргузории "Авеста".
Афзоиши баландтарини мизони таваррум дар ҷумҳурӣ дар моҳи март ба қайд гирифта шуд. Дар моҳи аввали баҳор ин нишондиҳанда то 1,7% суръат гирифт. Аммо дар моҳи апрел сатҳи таваррум то 0,7% коҳиш ёфт.
Болоравии нархи маҳсулоти воридотӣ ва дохилӣ дар кишвар аз моҳи март ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла дар ҷумҳурӣ арзиши рӯған, орд ва шакар гарон шудааст.

"Ғайр аз ин, ба нархи маводи сӯзишворию рӯғанҳои молиданӣ ва масолеҳи сохтмонӣ низ зам карда шудаст", - афзуд манбаъ.

Маврид ба зикр аст, ки коршиносони Бонки Осиёии Рушд коҳиши рушди иқтисоди Тоҷикистонро дар соли 2022 пешгӯӣ мекунанд. Дар зимн таъкид мегардад, ки рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2023 боз барқарор хоҳад шуд.
Қаблан рӯзноманигорони "Financial Times" кишварҳоеро ном бурда буданд, ки сатҳи таваррум дар онҳо аз ҳама баланд аст. Дар садри ин рӯйхат Эстония қарор дорад. Дар давоми сол нархҳо дар ин мамлакат кариб 20% баланд шуданд.
Денежные купюры и монеты. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2022
Камтар аз 57 рубл: Коҳиши қурби доллар дар Маскав
Дар ҷойи дуюм Литва бо 17%, дар ҷойи сеюм Булғористон бо 14,4% афзоиши таваррум қарор доранд. Баъдан Ҷумҳурии Чех бо таваррум дар сатҳи 14,2%, Маҷористон - 13,8%, Латвия - 13% ва Лаҳистон - 12% ҷой гирифтаанд.
Бештар афзоиши таваррум дар кишварҳои Назди Балтик ва Аврупои шарқӣ дида мешавад, ки дар натиҷаи эълони таҳримҳо алайҳи Русия ба вуқуъ омадааст.
Лентаи хабарҳо
0