Ҷасадҳои шаҳрвандони Қирғизистон аз Русия ройгон мунтақил мешаванд

Гробы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Тибқи як созишномаи ҳосилшуда миёни Ҳукумати Русия ва Қирғизистон, ҳамакнун аз чандин шаҳр тобути шаҳрвандони кишвари дувумӣ ройгон фиристода мешавад
ДУШАНБЕ, 24 май – Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии "Уралский авиалинии" муваззаф шудааст, ки аз ин баъд аз чандин шаҳри ин кишвар тобути шаҳрвандони фавтидаи Қирғизистон дар Русияро ба таври ройгон ба Ватанашон интиқол диҳад.
Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо истинод ба дафтари матбуотии сафорати Қирғизистон дар Русия хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ин сабукӣ зимни як созишномае, ки миёни ҳукуматҳои Русия ва Қирғизистон тасвиб шуд, имконпазир гаштааст.
Зикр гардид, ки тибқи ин созишнома, ҳамакнун тобути шаҳрвандони фавтидаи Қирғизистон дар Русия аз Челябинск, Уфа, Нижневартовск, Қазон, Сочи ба Ӯш ройгон интиқол дода мешавад.
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.02.2022
Дафни муҳоҷир аз ҳисоби кист? Ноиби вазир фаҳмонд, кӣ ва барои чӣ пул ҷамъ мекунад
Ҳамчунин ширкати мазкур тобути шаҳрвандони Қирғизистонро аз Сочи ва Самара ба шаҳри Бишкек низ бурда мерасонад.
Ба таъкиди манбаъ, нафаре, ки "Груз- 200"-ро ба Қирғизистон мефиристад, бояд хароҷоти фурудгоҳро пардохт кунад.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, тобути фавтидаи шаҳрвандони кишвар дар Русия аз сӯйи ширкати "Тоҷик эйр" ройгон оварда мешуд. Аммо пас аз варшикаста шудани ин ширкат ҳамакнун "Сомон эйр" тобути тоҷикистониёнро ба Ватан интиқол медиҳад.
Ба иттилои мақомоти муҳоҷиратии Тоҷикистон, соли 2021 дар хориҷи кишвар ҳудуди 950 тоҷикистонӣ фавтидааст. Омилҳои фавт гуногун - аз беморӣ то ҳолатҳои нохушу риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ арзёбӣ мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0