Душанбе мизбони бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 мешавад

© Sputnik / Стас ЭтвешБоковой судья, архивное фото
Боковой судья, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2022
Обуна шудан
Тими мунтахаби футболбозони то 17-солаи Тоҷикистон дар майдони худ дар шаҳри Душанбе барои роҳёбӣ ба Ҷоми Осиё-2023 сабқат хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон - "U-17" дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи "H" бозӣ мекунад.
Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо такя ба натиҷаҳои қуръакашӣ хабар дод.
Манбаъ афзуд, ки дар ин гуруҳ ҳарифони Тоҷикистон тимҳои мунтахаби наврасони Афғонистон, Тимори Шарқӣ ва Муғулистон хоҳанд буд. Таъкидшудааст, ки мусобиқаҳои интихобии ин гуруҳро шаҳри Душанбе мизбонӣ хоҳад кард.
Замони баргузории бозиҳо дар гурӯҳи "Н" аз 5 то 9 октябри соли равон муқаррар карда шудааст. Дар маҷмуъ, аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ даҳ гурӯҳ ташкил карда шудааст, ки дар онҳо барои роҳёбӣ ба Ҷоми Осиё сабқат сурат хоҳад гирифт.
Капитан душанбинского Истиклола Алишер Джалилов перешел в команду АГМК - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2022
Беҳтарин бозигари Тоҷикистон дар рақобатҳои мунтахаби кишвар дар Ҷоми Осиё бозӣ намекунад
Дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё байни наврасон, ки аз 3 то 20 майи соли 2023 дар Баҳрайн баргузор мешавад, ғолибони даҳ гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарин, ки дар гурӯҳашон ҷойи дуюмро мегиранд, ширкат хоҳанд кард.
Аз ҷумла дар гуруҳи "А" - Ҷопон, Урдун (мизбон), Сурия, Филиппин, Туркманистон, гурӯҳи "В" - Индонезия (мизбон), Малайзия, Фаластин, Гуам, АМА, гурӯҳи "C" - Уммон (мизбон), Ироқ, Қатар, Лубнон, Баҳрайн, гурӯҳи "D" - Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ (мизбон), Мянмар, Малдив, Кувайт ва гурӯҳи "Е" - Яман, Бангладеш (мизбон), Сингапур, Бутан бозӣ мекунанд.
Дар гурӯҳи "F" сабқат миёни тимҳои Тайланд, Ветнам (мизбон), Тайбейи Чин, Непал, дар гурӯҳи "G" миёни Австралия (мизбон), Чин, Камбоҷа, Ҷазираҳои Марианаи Шимолӣ, дар гуруҳи "Н" - миёни Тоҷикистон (мизбон), Афғонистон, Тимори Шарқӣ, Муғулистон, дар гуруҳи гурӯҳи "I" миёни Эрон, Ҳонконг, Қирғизистон (мизбон), Лаос ва дар гуруҳи "J" миёни Кореяи Ҷанубӣ, Бруней, Ӯзбекистон (мизбон), Шри-Ланка сурат мегиранд.
Лентаи хабарҳо
0