Имзои "Харитаи роҳ" дар соҳаи маориф миёни Тоҷикистону Русия

© Sputnik / Вероника Антонова-ТризноПодписание договора, архивное фото
Подписание договора, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2022
Обуна шудан
Тоҷикистону Русия ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳанг, тандурустӣ ва маорифро рушд медиҳанд. Аллакай ду "харитаи роҳ" дар ин хусус имзо шуд
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Дар Душанбе дар робита ҳамкории дуҷониба миёни мактаби №28-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва мактаби рақами 358-и ноҳияи Маскави шаҳри Санкт-Петербург "харитаи роҳ" имзо шуд.
Ин санад зимни боздиди ҳайати фарҳангии Санкт-Петербург дар Душанбе аз мактаби рақами 28-и пойтахт имзо шудааст.
Пеш аз имзои ин санад директори мактаби №358-и шаҳри Санкт-Петербург дар бораи таърихи шаҳри Санкт-Петербург, инчунин дар бораи дастовардҳои хонандагони ин муассисаи таълимӣ маълумот додааст.
Хонандагони МТМУ №28-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бошад, барои меҳмонон барномаи фарҳангӣ пешниҳод намуданд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".
Онҳо ба меҳмонон аз Русия суруду тарона, рақс, инчунин композитсияҳои гуногуни мусиқиро намоиш додаанд.
Операция по лечению аритмии с использованием метода криоаблации - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2022
Табибони русиягӣ ба ҳамтоёни тоҷики худ усулҳои нави ташхисро меомӯзонанд
Мавриди зикр аст, ки дар ин муассисаи таълимии пойтахт забони омӯзиш русӣ аст. Аз ин рӯ аз ҷониби меҳмонон ба мактаби мазкур адабиёти таълимӣ бо забони русӣ туҳфа гардидааст.
Дар доираи сафари худ ба шаҳри Душанбе ҳайтаи намояндагони Русия таҳти раҳбарии ноиби губернатори шаҳри Санкт-Петербург Олег Эргашев ба назди Маҷмааи ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон омада, ба зери пояи муҷассамаи асосгузори нахустин давлати тоҷикон — шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд.
Душанбе ва Санкт-Петербург дар умури тиб робита барқарор мекунанд
Ҳайати Русия ҳамчунин дар боғи "Ғалаба", дар назди Маҷмааи ёдгории "Оташи абадӣ" гул гузоштанд.
Дар чорчӯби ин сафар ҳайати Русия аз Маҷмааи тандурустии "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе дидан карда, дар соҳаи тандурустӣ низ миёни ду кишвар "харитаи роҳ" оид ба татбиқи созишнома байни шаҳри Душанбе ва Санкт-Петерубрг барои солҳои 2022-2026 имзо шуд.
Лентаи хабарҳо
0