Куштори дастаҷамъии кӯдакон дар ИМА: дар мактаби ибтидоӣ дар Техас чӣ рӯй дод - видео

© AP / Damian Dovarganes / Гузариш ба медиабонкСотрудники полиции США, архивное фото
Сотрудники полиции США, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2022
Обуна шудан
Ҳангоми тирпаронӣ дар мактаби ибтидоӣ дар Техас ҳамлагар чанд кӯдак ва як муаллимро куштааст. ин ҳодиса дар шаҳри Увалде рух дод
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Дар тирандозӣ дар мактаби ибтидоие дар Техас 18 кӯдак ва 3 калонсол кушта шуданд, хабар медиҳад CNN.
Як ҷавони ношинос дар мактаби ибтидоӣ дар шаҳри Ювалде оташ кушод. Дар бораи ангезаҳои ҷинояткор то ҳол чизе маълум нест, вай аллакай аз ҷониби пулис маҳв карда шудааст. Ӯ танҳо амал мекард.
Волии Техас Грег Эббот таъйид кард, ки донишомӯзон ва муаллими онҳо дар тирпаронӣ кушта шудаанд ва ҳамчунин 13 талабаи дигар таҳти муолиҷаи пизишкон қарор доранд.

"Худи тирандоз кушта шудааст. Тахмин меравад, ки ӯро кормандони пулиси омада куштаанд", - гуфт ин мансабдор.

Дар бораи синну сол ва ному насаби фавтидагон ҳанӯз маълумот надодаанд. Маълум аст, ки дар мактабҳои ибтидоии Амрико кӯдакони аз 5 то 11-сола таҳсил мекунанд.
Дар ҷои ҳодиса мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кор мекунанд, қаламравҳои шафати ҷои ҳодиса аз ҷониби пулис муҳосира шудааст.
Расонаҳои маҳаллӣ бо такя ба раиси шаҳр хабар додаанд, ки ҳодисаи тирпаронӣ дар назди мактаб рух дода, онро сокини 18-солаи шаҳри Техас Салвадор Рамос содир кардааст.
Чанде аз шоҳидони айнӣ гуфтаанд, ки онҳо садои тирро шунидаанд, аммо маълум нест, ки гумонбар дар шаҳраки донишомӯзон оташ кушодааст ё на.
Пулис ва хадамоти изтирории аёлати Техаси ИМА фавран ба макони тирпаронӣ рафтанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеое низ нашр шудааст, ки гӯё лаҳзаи ҷиноят давидани ҷавон ба бино аст.
Ҳамчунин маълумоте мавҷуд аст, ки ҷинояткор бибиашро пеш аз ҳамла ба мактаб кушта будааст.
Лентаи хабарҳо
0