Қирғизистон ба хариди сӯзишворӣ аз Русия бо рубл шуруъ кард: Тоҷикистон чӣ?

© Sputnik / Владимир Вяткин / Гузаштан ба хазинаи аксЗаправка автоцистерн. Архивное фото.
Заправка автоцистерн. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ҷумҳурии Қирғизистон тақрибан 20 рӯз пеш ба харидории нафти Русия бо рубли русӣ гузаштааст, гуфт раиси Хадамоти танзими зиддиинҳисории Қирғизистон
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Қирғизистон ба харидории сӯзишворӣ ва равғани молиданӣ аз Русия бо рубл шуруъ кард.
Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо такя ба раиси Хадамоти танзими зиддиинҳисории Қирғизистон Кенешбой Тайлаков хабар медиҳад.
Мақомдор зимни ҷаласаи парлумони ин кишвар гуфтааст, ки тақрибан 20 рӯз пеш ба пардохт бо пули русӣ гузаштаанд.
"Имрӯз тоҷирон 70 дарсади маводи сӯхтро бо рубл, боқимондаашро бо доллар мехаранд. Мо чанде пеш, тақрибан 20 рӯз пеш ба пули русӣ гузаштем", - гуфт ӯ.
Пештар хабар дода шуд, ки Тоҷикистон ҳам нақша дорад, додугирифтҳои тиҷориро бо Русия, ки аз шарикони асосияш аст, бо пулҳои миллӣ роҳандозӣ намояд.
Бар асоси ин нақша, дар назар аст, ки пардохти ҳаққи барқе, ки нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" дар Тоҷикистон тавлид мекунад, бо рубл сурат бигирад.
Сангтудинская ГЭС-1 в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2022
Тоҷикистон нақша дорад, пули барқи нерӯгоҳи "Сангтӯда-1"- ро бо рубл пардохт кунад
Нозирҷон Ёдгори, сухангӯӣ ширкати "Барқи тоҷик" дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, дар ҳоли ҳозир харидории барқ аз "Сангтӯда-1" бо доллар ҳисоб карда мешавад. Ӯ таъкид намуд, ки додугирифт бар асоси шартномаи соли 2009 сурат мегирад, ки миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия баста шудаст.
Ӯ тавзеҳ дод, ки ҳаққи барқ бо доллар ҳисобу бо сомонӣ пардохт мегардад.
Дастури Путин барои тасреи додугирифти мол бо шарикон бо истифода аз рубл
Қаблан президенти Русия зимни ҷаласа дар мавриди вазъи иқтисодию иҷтимоии ин кишвар гуфт, додугирифти молӣ бо шарикони тиҷорӣ бояд ба рубл ва пули миллии кишварҳои шарик сурат гирад.
Лентаи хабарҳо
0