Роҳе, ки дарвозаи Тоҷикистон ба хориҷ мешавад: шиносоии Расулзода бо сохтмон

© Sputnik Дорога в Таджикистане, архивное фото
Дорога в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Сохтмони роҳ дар қисмати шарқии Тоҷикистон, ки Душанберо бо ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод ва Лахш пайваст менамояд, идома дорад
ДУШАНБЕ, 25 май – Sputnik. Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон бо сохтмону навсозии роҳи Роғун - Обигарм - Нуробод шинос шуд, ки дарозияш дар ду марҳила 75 километрро ташкил медиҳад.
Тибқи иттилои расмӣ, марҳилаи якуми роҳи мазкур беш аз 30 километр, аз қитъаи Обигарм то Тагикамарро дар бар мегирад.
Аз ҷумла дар ин масир бунёди ду нақб - Қарағоч ба дарозии 1701 метр ва Кандак бо дарозии 1610 метр идома дорад.
Расулзода зимни шиносоӣ бо корҳои нақбканӣ аз сохтмончиён талаб кардаст, мутаваҷҷеҳ бошанд, чун нақб дар минтақаи баландкӯҳ бунёд шуда ва иқлими ин минтақа сербориш аст.
Дар назар аст, ки роҳ Роғун - Обигарм - Нуробод аз ду хатти ҳаракат бо паҳноиии 12-15 метр иборат шавад. Аз ҷумла қисмати роҳи мошингард аз 7 то 10 метр ва канораи 2,5-метрии роҳ бунёд мешавад.
Строительство автомобильной дороги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2022
Дар Кӯлоб ба хотири ҷалби сайёҳон роҳро навсозӣ карданд
Дар маҷмуъ дар қитъаи мазкур сохтмони 5 пул бо дарозии 387 метр, таҷдиди як пули 93-метра, такядеворҳои оҳану бетонӣ ба дарозии 2938 метр, деворҳои ҳимоявии бетону сангӣ дарозиашон 1986 метр, 73 қубури обгузар ба дарозии 3300 метр дар назар аст, овардааст "Ховар" аз қавли масъулин.
Таъкид шудааст, роҳи мазкур, ки пойтахти мамлакатро бо ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод ва Лахш пайваст менамояд, интизор меравад, ба яке аз дарвозаҳои асосӣ барои пайваст намудани Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ мубаддал гардад.
Мақомдорони нақлиёт мегӯянд, баъди навсозии роҳ бехатарӣ ва ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт, сарфа намудани вақт ва сузишворӣ, интиқоли молҳои мавриди ниёзи мардум дар ҳама фаслҳои сол таъмин хоҳад шуд.
Расулзода зимни суҳбат бо мақомдорон барои тақвият бахшидани корҳои сохтмону навсозӣ ва ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ мондани фаъолияти кормандон дастур додааст.
Лентаи хабарҳо
0